• 19.08.2017

Санаи 18 августи соли равон бахшида ба  таргиби мохияти Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва бахшида ба соли 2017 «Соли чавонон» дар н.Шахристон семинари сайёри вилояти бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторхои он баргузор гардид.

Дар рафти кори семинар оиди сарватҳои обии вилоят ва проблемахои экологии он, беҳтар намудани таъминоти оби нушоки дар вилоят, обҳои дохилаи Точикистон ва оқилона истифодабарии захирахои об, манбаъхои асосии обёрии вилоят ва таъминоти оби полези, сифати оби нушоки, иштироки чавонон дар хифз ва нигахдории захирахои об, асосхо ва холатхое, ки сабаби гузаронидани санчишхои гайри накшави, иловаги ва такрори мегардад, дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба хисоб гирифтани партовхои бесохиб ва пешгирии ифлосшавии мухити зист ва кам кардани хачми хосилшавии партовхо, намуди санчишхо мувофики Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор, тарзи тартиб додани санљиши объектхо дар самти хифзи хавои атмосфера баромадхо шунида  шуд.

Пас аз музокира як катор кормандони чавони макомоти хифзи мухити зист бахшида ба Соли ҷавонон барои гузоштани сахми арзанда дар бехдошти мухити зист бо ифтихорнома ва тухфахо кадрдони карда шуданд.

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: