• 08.04.2024

8 апрел —Рӯзи байналмилалии амал бар зидди GMO (ОГТ)

ДАР БОРАИ ОГТ ЧӢ МАЪЛУМОТҲО ДОРЕД?

8 апрел Рӯзи байналмилалии амал бар зидди маҳсулот ва организмҳои генашон тағйирёфта (ОГТ) маҳсуб меёбад. Талаботҳои асосии Рӯзи байналмилалии амал зидди паҳншавӣ ва истифодаи маҳсулот ва ОГТ ин ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот, интихоб ва бехатарӣ, тамғагузории махсуси тамоми маҳсулоти трансгенӣ, экспертизаи мустақил ва нигоҳ доштани алтернативаи дастрас ба ғизои генашон тағйирёфта мебошанд.

Дар давоми даҳсолаи охир дар доираҳои илмӣ ва ВАО оид ба манфиат ва зарари эҳтимолии ОГТ мубоҳисаҳо ҷараён доранд.

 

Дар матлаби худ аз сарчашмаҳои гуногун кӯшиш намудем маълумотҳои ҷолибу манфиатнокро манзуратон намоем.

Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки мавзӯи мавриди назари мо ҷанбаи илмӣ дорад.

Бино ба маълумоти хабаргузории РБК ҳанӯз дар асри XVI аввалин агрономҳои тадқиқотчӣ (селексионерон) бехабар аз қонунҳои генетика навъи беҳтарин растаниҳои киштбоби бар зидди зараррасонҳо устувор ва зиёд ҳосилдиҳандаро бо роҳи пайвандкунӣ кашф намуданд. Бо тақозои замон усулҳои нисбатан муосир, аз ҷумла муҳандисии генетикӣ (генноинженерия) пайдо шуд. Ин ба олимон имкон дод, ки раванди гирифтани навъҳои нави растанӣ се маротиба тезонида шавад.

Таърихи пайдоиши маҳсулотҳои генашон тағйирёфта аз солҳои 70 -уми асри ХХ сарчашма мегирад. Соли 1972 олими Донишгоҳи Стэнфорд Пол Берг аввалин маҳсулоти аз ҷиҳати ГТ-ро ба даст оварда буд.

Дар ҷомеаи илмии байналмилалӣ чунин фаҳмиш мавҷуд аст, ки ба далели афзоиши аҳолии кураи Замин зарурат ба тавлиди ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ ба вуҷуд омадааст. Ин омил бидуни истифодабарии растаниҳои трансгенӣ, ки парвариши онҳо раванди селектсионии растаниҳои киштро зиёд карда, ҳосилнокиро баланд мебардорад ва ба арзон гаштани нархи озуқаворӣ мусоидат менамояд, имконнопазир аст.

Организмҳои генашон тағйирёфтаро ба таври васеъ дар ду соҳа- кишоварзӣ ва тандурустӣ зиёд истифода мебаранд.

https://www.sb.by/articles/lechim-geny.html

Дар такя ба маълумоти дастрасгардида аз сайти https://hightech.fm/ бо ёрии организмҳои генашон тағйирёфта қонуниятҳои инкишофёбии баъзе бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои Альцгеймер, саратон, раванд ё ҷараёни пиршавӣ ба тадқиқ гирифта мешавад. Дар амалияи тандурустӣ, бахусус дар саноати дорусозӣ бо усули геноинженерӣ доруву дармонҳои зиёд, аз ҷумла инсулин, интерферон, бета-фоллитропин истеҳсол карда мешавад.

Муҳандисии генетикиро барои ба вуҷуд овардани навъҳои нави растанӣ истифода мебаранд, ки ба шароити номусоиди муҳити зист ва ҳашароти зараррасон тобовар буда, дорои сифатҳои хуби нашъунамо ва таъми беҳтар ҳастанд.

Дар растании тропикии Thaumatococcus daniellii сафеда мавҷуд аст, ки онро тауматин меноманд ва аз шакар ширинтар аст. Гени онро олимон мавриди омӯзишу тадқиқ қарор дода, ба чунин натиҷа расиданд, ки дар сурати интиқол додани гени он ба ҳар гуна организм маҳсулоти аз он истеҳсолшуда таъми ширин ва болаззат пайдо мекунад.

ОГТ ба фермерон дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва кам кардани талабот ба маводи кимиёвӣ барои мубориза бо ҳашароти зараррасон кӯмак мерасонад. Тақрибан 90% ҷуворимакка, лубиё ва пахтае, ки дар Иёлоти Муттаҳида Амрико парвариш карда мешавад, аз ҷиҳати генетикӣ сохта шудааст. Дар Амрико, ГМО тақрибан дар 70-80% маҳсулоти коркардшуда мавҷуд аст.

https://toxinfreeusa.org/take-action/stop-selling-toxic-gmo-sweet-corn/

Дар Маҷаллаи “Plos One” аз натиҷаи тадқиқоте мавод нашр гардид, ки дар он чунин нукта баён гардидааст: Хоҷагиҳое, ки бо истифода аз усули муҳандисии генетикӣ фаъолият мекунанд, ҳосилнокии маҳсулоташон 20% афзоиш ёфта, истифодаи пеститсидҳо дар заминҳо 37% кам шудааст. Ба туфайли ин усул даромади умумии фермерон 68 фоиз афзуд.

Ҷонибдорони ОГТ ба он ақида ҳастанд, ки бо истифода аз усули геноинженерия камҳосилии оммавиро бартараф ва ҳамчунон зарарро ба муҳити зист коҳиш додан мумкин аст. Ба растаниҳои трансгенӣ обёрии зиёд лозим нест, ин имкон медиҳад, об сарфа карда шуда ва аз ҷониби дигар аз ҳисоби коҳиш додани радиатсияи гармӣ таъсири гулхонаӣ кам карда шавад.  Ба ҷуз ин, шумораи ками техникаи кишоварзӣ дар саҳро барои назорати партови гази карбон ба атмосфера кумак мерасонад.

Маҳсулоти дорои GM-ро аз рӯи бӯй ва мазза фарқ кардан ғайриимкон аст. Фарқи асосии онҳо аз маҳсулоти табиӣ дар он аст, ки дар муддати тӯлонӣ вайрон намешаванд ва ба ҳашароти зараррасон осебпазир нестанд.

Олимони генетик дар кишварҳои гуногун аз ғалладонагиҳо — ҷуворимакка, лубиё, лубиё, рапс, гандум, рапс, пахта, аз сабзавот —  картошка, каду, лаблабуи қанд, инчунин тухми офтобпараст, арахис, кулфинай, помидор, тамоку, харбуза, аз мевагиҳо себ, папайяро, ки ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд, мавриди тадқиқот қарор додаанд,

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди масъалаи таваҷҷуҳи мо чӣ гуна корҳо ба роҳ монда шудааст?

Бино ба маълумоти масъулини Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии биологӣ оид ба масъалаҳои муомилот ва истифодаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба риояи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии созишномаҳо ва ӯҳдадориҳои Конвенсияҳои тасдиқшуда равона карда шудааст.

Айни замон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян кардани салоҳияти сохторҳои масъул оид ба танзими масъалаҳои бехатарии биологӣ, бахусус ОГТ низ кор мебарад. Як катор машваратҳо ва вохӯриҳои корӣ бо намояндагони вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои академӣ ва илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои муайян кардани ваколатҳои идоракунии масъалаҳои бехатарии биологӣ гузаронида шуданд.

https://avesta.tj/

Дар такя бо маълумоти кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳим будани масъалаи мазкурро ба назар гирифта, кормандони Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ дар соли 2020 аз бозорҳои пойтахт намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди картошкаи истеҳсоли Покистон, Россия ва навъҳои маҳаллӣ, ҷуворимаккаи истеҳсоли баъзе ширкатҳои Хитой, маводи тухмии помидори истеҳсоли яке аз ширкатҳои хитоӣ дастрас намуданд. Ин намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ барои муайян намудани ОГТ бо усули молекулавию генетикӣ бо истифодабарии РЗП-ташхис дар реҷаи вақти воқеӣ тавриди таҳқиқ қарор дода шуд.

Натиҷаи ташхис нишон дод, ки намунаҳои омўхташудаи картошкаи истеҳсоли Покистон, ҷуворимакка ва тухмии помидори истеҳсоли яке аз ширкатҳои Хитой дар таркибашон маводи ОГТ доранд, аммо дар банду басти онҳо маълумот дар бораи мавҷуд будани ОГТ оварда нашудааст ва ҳатто тамғаи махсуси маҳсулоти ОГТ — дошта ё надошта ҳам дарҷ нашудааст. Тибқи талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти озуқаворӣ» бо Қарори Ҳукумати ҶТ дар тамғагузории маҳсулоти озуқаворӣ бояд маълумот дар бораи мавҷуд будани маҳсулоти ОГТ- дошта дарҷ карда шавад. Мутаасифона ин талабот нисбат ба маҳсулоти озуқаворӣ молистеҳсолкунандагон ва молтаъминкунандаҳо риоя нашудааст. Маҳсулоти таркибаш ОГТ–дошта бехатар ҳисобида мешавад, агар хавфи он дар дараҷаи меъёрӣ қарор дошта бошад.

Соли 2023 аз ҷониби Маркази Орхуси Душанбе миёни 25 нафар сокинону меҳмонони ш. Душанбе доир ба маҳсулотҳои дорои ОГТ пурсиш гузаронида шуд. Аз натиҷаи пурсиш маълум гашт, ки  9 нафар доир ба ОГТ маълумоти умумӣ доранд ва 1 нафар ҳангоми хариди маҳсулот ба тамғакоғази таркиби маҳсулот таваҷҷуҳ таваҷҷуҳ менамояд.

Дар фарҷоми матлаби худ таъкид менамоем, ки ҳангоми харидории маҳсулот аз бозору мағозаҳо бояд ба маълумотҳои тамғакоғази маҳсулот таваҷҷуҳ  намоем.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

https://www.genetyka.com.ua/ru/blog/gmo-polza-ili-vred/

https://trends.rbc.ru/trends/industry/608c0db79a7947d866061ddd?from=copy

https://hightech.fm/2020/12/17/gmo-is-not-harmful

 

Яқубов Ҷамолиддин, Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: