Дар Тоҷикистон навъҳои зиёди моҳӣ, аз ҷумла 52 намуд аз 12 оила мавҷуд буда, зиёда аз 20 намуди он, бахусус гулмоҳии Амударёӣ саноатӣ мебошад. Азбаски гулмоҳӣ як навъи тиҷоратӣ мебошад, масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла гулмоҳӣ дар доираи манфиатҳои мақомоти давлатӣ, ки соҳаи моҳидорӣ ва ҳифзи обро танзим мекунанд, қарор доранд.
19 августи соли ҷорӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дар ҳамкории муштараки якчанд ташкилотҳо, аз қабили Фонди Соҳибкорӣ ва Рушд (Акселерейт Просперити), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кооперативи истеҳсолии “Ҳакимӣ” дар Маркази экологии Боғи табиию таърихии Ширкент воқеъ дар мавзеи Лаби Ҷайи дараи Қаратоғи ш.Турсунзода чорабинии иттилоотию маърифатӣ зери унвони “Барномаи дастгирӣ ва мусоидат дар соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи гулмоҳии амударёӣ дар табиати ҳавзаи обии дараи Қаратоғ” баргузор гардид.
Зимни суханрониҳои баромадкунандагон мавзуҳои “Ҳолати популятсияи гулмоҳии амударёӣ дар Тоҷикистон”, “Рафти амалӣ гардидани “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Нақши иттилоот дар таъмини устувории гуногунии биологии Тоҷикистон”, “Нақши Ҳудуди табиии махсус муҳофизташавандаи Ҳакимӣ дар таблиғ ва ҳифзу нигоҳдории гулмоҳии амударёӣ” ва “Аҳамияти гулмоҳии амударёии эндемикӣ дар ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои обии Тоҷикистон” мавриди баррасиву музокираи иштирокчиён қарор гирифт.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ дар ҳузури иштирокчиён аз тарафи кормандони Кооперативи истеҳсолии “Ҳакимӣ” 3700 адад кирминамоҳи (моҳичаҳо) ба дарё сар дода шуд.








