• 04.10.2026

ДАР ХОРУҒ ЭКОВОЛОНТЁРОН РОҲҲОИ ДАРЁФТИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГИРО ОМӮХТАНД

22 сентябри соли 2026 дар Институти биологии Помир ба номи академик Х. Ю. Юсуфбеков ҷаласаи иттилоотӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ барои эковолонтёрон ва фаъолони ҷамъиятӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ ташкил шуда, дар он 20 нафар эковолонтёр, фаъолони ҷамъиятӣ, донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон, инчунин олимону коршиносони соҳаҳои иқлим ва гуногунии биологӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи дусоата ба иҷро ва пешбурди рукни якуми Конвенсияи Орхус «дастрасӣ ба иттилооти экологӣ» бахшида шуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дастрасӣ ба маълумоти дуруст ва саривақтӣ шарти муҳими иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист ва қабули қарорҳои экологӣ мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён бо мафҳуми иттилооти экологӣ, манбаъҳои дастрас намудани он ва тарзи пешниҳоди дархост ба мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои дахлдор ошно шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои санҷиши эътимоднокии маълумот, фарқ кардани иттилои илмӣ аз хабарҳои беасос ва истифодаи маълумоти экологӣ барои ҳалли мушкилоти маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳангоми шарҳи истилоҳи “иттилооти экологӣ”-ро рӯшан карда  шуд, ки чунин иттилоот  маълумот дар бораи вазъи ҳаво, об, хок, пиряхҳо, чарогоҳҳо, набототу ҳайвонот, партовҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои ба табиат ва саломатии инсон таъсиррасонандаро дар бар мегирад ва шаҳрвандон бо кадом роҳи қонунӣ метавонанд онро дастрас намоянд.

Олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои иқлим ва гуногунии биологӣ оид ба масъалаҳои муҳими экологии Помир ибрози андеша намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух доданд. Дар вохӯрӣ нақши илми муосир, мушоҳидаҳои саҳроӣ ва маълумоти боэътимод дар ҳифзи экосистемаҳои нозуки баландкӯҳ махсус таъкид гардид.

Баргузории ҷаласа дар толори Институти биологии Помир рамзӣ ва муҳим буд. Ин муассиса яке аз марказҳои асосии омӯзиши гуногунии биологӣ, чарогоҳҳо, рустаниҳои баландкӯҳ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои Помир ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми чорабинӣ бо мақсади тарғиби кам кардани истифодаи пластик ба ҳар як иштирокчӣ халтаи матоъии бисёркарата тақдим гардид. Ин халтаҳои экологӣ аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо- САҲА омода шуда, Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ онҳоро дар чорабиниҳои иттилоотию тарғиботии худ истифода мебарад.

Дар охири ҷаласаи иттилоотӣ таъкид гардид, ки дар ҳифзи муҳити зист танҳо ҷомеаи огоҳ метавонад фаъолона ва масъулона иштирок намояд.

WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.17
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.18
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.18 (1)
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.19
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.19 (1)
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.21 (1)
WhatsApp Image 2026-09-23 at 08.23.20 (1)
previous arrowprevious arrow
next arrownext arrow
Shadow

 

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: