• 19.10.2026

9 октябри соли 2026 Маркази Орхуси Бохтар дар доираи лоиҳаи «Таъмини ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон — асоси рушди устувори ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудавварро дар мавзӯи «Дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист (сутуни сеюми Конвенсияи Орхус)» баргузор намуд.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндагони сохторҳои дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ, прокуратура, милитсияи экологӣ ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, инчунин донишҷӯёни бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ фароҳам овардани шароит барои мубодилаи дониш ва таҷрибаи амалӣ байни намояндагони сохторҳои ҳуқуқӣ ва донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба Конвенсияи Орхус ва механизмҳои дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи иштирокчиён ба аҳамияти ҳифзи ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон ва зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти пешгирӣ ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ буд.

20261009_100841
20261009_111226
20261009_114450
20261009_115338
IMG_4968
previous arrowprevious arrow
next arrownext arrow

Зимни баромадҳо намояндагони мақомоти судӣ, прокуратура ва милитсияи экологӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти худ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ошкор ва баррасӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ, инчунин намудҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷаримаҳо барои вайрон кардани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, нақши мақомоти дахлдор дар ҳифзи ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ ва аҳамияти ҳамкории байниидоравӣ дар таъмини риояи қонунгузории экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштироки донишҷӯён имконият фароҳам овард, ки онҳо ҳанӯз дар давраи таҳсил бо ҷанбаҳои амалии ҳифзи ҳуқуқҳои экологӣ ва татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус шинос шаванд, дониши назариявии худро такмил диҳанд ва бо таҷрибаи намояндагони сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намоянд.

Чунин ташаббусҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, омодасозии мутахассисони оянда ва таҳкими ҳамкории байни сохторҳои дахлдор мусоидат намуда, барои ташаккули муносибати масъулона нисбат ба масъалаҳои адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон замина фароҳам меоранд. Ҳамзамон, онҳо ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирикунанда дар самти ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: