• 22.10.2026

Рӯзи 10-уми октябри соли 2026 дар доираи лоиҳаи Марказҳои Орхус сафари саҳроии ҷавонон ба Дараи Камароби ноҳияи Рашт ташкил карда шуд. Ба ин сафар донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва муҳандисии ноҳияи Рашт ҷалб гардиданд. Мақсади асосии сафар аз ҳавасмандгардонии ҷавонон ҷиҳати мусоидат ба иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист иборат буд.

Пеш аз оғози сафар дар назди бинои Коллеҷи омӯзгорӣ ва муҳандисӣ аз ҷониби мушовири Маркази Орхуси Ғарм мақсади сафар, низоми муносибат бо табиат ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ба ҷавонону омӯзгорон фаҳмонда дода шуд.

Дар Дараи Камароб барои ҷавонон сессияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он дар бораи принсипҳои Конвенсияи Орхус, Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ, ҳуқуқҳои экологӣ ва нақши муҳими ҷавонон дар ҳифзи муҳити зисту захираҳои табиӣ маълумоти пурра дода шуд. Ҷавонон дар рафти сафар бо гуногунии олами наботот шинос шуда, аз ҳавои тоза ва табиати сабзу хуррам баҳра бурданд. Қобили зикр аст, ки аксари ин ҷавонон бо аввалин бор ба Дараи Камароб сафар карда, аз манзараҳои зебои он ба ваҷд омаданд.

Дар рафти сайругашт ба ҷавонон маълумот дода шуд, ки солҳои пеш дар дарёи Сорбоғ, ки аз Дараи Камароб ҷорӣ мешавад, гулмоҳӣ хеле зиёд буд. Инчунин  қад-қади дарё бутамеваҳои зулол, ҳуч, ангат ва гиёҳҳои шифобахш ба назар мерасиданд ва атрофро дарахтони чормағз, бодоми кӯҳӣ, дӯлона, олуча ва себи худрӯй (ёбоӣ) зинат медоданд.

Мутаассифона, имрӯз аён аст, ки ин бутамеваҳо ва гиёҳҳои шифобахш рӯз то рӯз кам шуда, гулмоҳӣ дар хатари нобудшавӣ қарор дорад, намудҳои зиёди парандагон камназир шудаанд ва теъдоди дарахтон низ коҳиш ёфтааст.

Бинобар ин, ба ҷавонон, ки ояндаи ватан ва миллатанд, тавсия дода шуд, ки дар ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва барқарор кардани захираҳои табиӣ саҳмгузор бошанд. Саёҳат дар ин гӯшаи зебо ба ҷавонон хеле писанд омад ва ҳисси табиатдӯстии онҳоро баланд бардошт.

Сафари саҳроии ҷавонон ба Дараи Камароб имконияти хуб дод, то онҳо бо мавқеи табиӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии захираҳои табиии диёри худ наздиктар шинос шаванд.

Дар доираи лоиҳа ба ҳамаи иштирокчиён кепкаҳои сабз, зарфҳои бисёркаратаи обнушӣ ва борхалтаҳои экологӣ тақсим карда шуда, чойнушӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ ташкил гардид. Илова бар ин, ба ҷавонон аҳамияти истифодаи борхалтаҳои матоъгӣ ва зарари халтаҳои полиэтиленӣ ба табиат фаҳмонда шуд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тозагии атроф аз хонаи истиқоматӣ, кӯча, майдончаҳои варзишӣ, ҷойи таҳсил ва боғҳои ҷамъиятӣ сар карда, саҳми худро гузоранд.

Табиат модари меҳрубон аст,

Ҳифзаш қарзи ҳар инсон аст.

С. ҲАФИЗОВА – мушовири Маркази Орхуси Ғарм

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: