• 04.10.2026

18 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ дар доираи чорабинии «Сафарҳои саҳроии ҷавонон ба минтақаҳои ҳифзшаванда барои мусоидат ба иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист» аз Боғи ботаникии Помир боздиди якрӯзаи омӯзишӣ анҷом шуд.

Дар ин сафар 20 нафар эковолонтёр ва фаъолони ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз миёни ҷавондухтарону ҷавонписарон, донишҷӯён ва аспирантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Институти биологии Помир ҳузур доштанд.

Ҳадафи аслии чорабинии мазкур аз пешбурд ва иҷрои сутуни дуюми Конвенсияи Орхус — «иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои вобаста ба муҳити зист» иборат буд. Тавре ба ширкаткунандагон иттилоъ дода шуд, иштироки воқеии ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист ва қарорҳои марбут ба он танҳо аз ҳузур дар ҷаласаҳо иборат нест. Барои он ки шаҳрвандон ва ба хусус ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ фаъолона иштирок намоянд, онҳо бояд аз вазъи муҳити зист маълумоти дуруст дошта бошанд, мушкилотро бо чашми худ бубинанд, бо олимону мутахассисон суҳбат кунанд, масъалаҳоро рӯшан кунанд ва андешаву пешниҳодҳои худро баён намоянд.

Мақсади сафари саҳроӣ ба Боғи ботаникии Хоруғ маҳз фароҳам овардани чунин имконият буд. Ширкаткунандагон фурсат пайдо карданд аз як  шунавандаи оддӣ ба иштирокчии фаъол ва масъули ҳифзи муҳити зист табдил гашта, донишҳои назариявиро бо мушоҳидаи бевоситаи табиат пайваст намоянд. Зимни суҳбату баҳсҳо он тавонистанд дарк намоянд, ки касе арзиши табиат ва таҳдидҳои ба он мавҷударо аз наздик бинад, метавонад дар оянда дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, ташаббусҳои экологӣ ва қабули қарорҳои маҳаллӣ бо донишу мавқеи устувортар иштирок намояд.

Боғи ботаникии Помир ба номи профессор А. В. Гурский барои баргузории сафари омӯзишӣ ба ҳайси муносибтарин макон интихоб гардид. Ин боғ бидуни воқеъ будан дар мавзеи зебои табиӣ, барои омӯзишу ҳифзи гуногунии биологии Помир маркази муҳими илмӣ, таълимӣ ва маърифатӣ аст.

Боғ соли 1940 бунёд ёфта асосгузор ва роҳбари нахустини он олими машҳури табиатшинос -профессор Анатолий Гурский буд. Он дар наздикии шаҳри Хоруғ, дар баландии ҳудуи се ҳазор 2320 метр аз сатҳи баҳр ва дар мавзеи ба ҳам рехтани дарёҳои Ғунд ва Шоҳдара ҷойгир шудааст. Аз ҳудуди боғ манзараи васеи шаҳри Хоруғ, водиҳои Ғунд ва Шоҳдара ва кӯҳҳои атроф намоён аст. Масоҳати умумии боғ 624 гектарро ташкил дода, он дуввумин баландтарин боғи ботаникии кӯҳӣ пас аз Боғи Непал ба шумор меравад.

Боғ ҳамчун озмоишгоҳи табиии нодир барои омӯзиши ҳаёти рустаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии он интродуксия ва мутобиқгардонии рустаниҳо, ҳифзи генофонди наботот, омӯзиши хусусиятҳои экологию биологии намудҳо, кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин ва парвариши рустаниҳои ороишию шифобахш мебошанд.

Дар тӯли фаъолияти боғ зиёда аз 30 ҳазор намуд, шакл ва навъи рустанӣ мавриди омӯзишу озмоиш қарор гирифтааст. Хазинаи имрӯзаи он қариб 4 ҳазор намуду навъи рустаниҳои маҳаллӣ ва аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон овардашударо дар бар мегирад. Боғ аз рӯйи минтақаҳои ҷуғрофӣ тақсим шуда, дар онҳо рустаниҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Қафқоз ва Амрикои Шимолӣ шинонда ва сабзонда шудаанд.

Ба ҳайси як «осорхонаи зиндаи табиат» Боғи ботаникии Помир имрӯз як макони бузурги омӯзиши илмӣ, ҳифзи навъҳои нодир, тарбияи экологӣ ва шиносоии сокинону меҳмонон бо сарвати набототи Помир мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ номзади илмҳои биологӣ, коршиноси соҳаи экология ва гуногунии биологӣ Аҳмад Абдуламонов ба ҳайси модератор баромад намуд. Ӯ ба иштирокчиён дар бораи аҳамияти гуногунии биологӣ, нақши рустаниҳо дар устувории низоми табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва зарурати ҳифзи намудҳои нодиру осебпазир маълумот пешниҳод кард.

Таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардид, ки гуногунии биологӣ танҳо маҷмӯи рустаниҳо ва ҳайвонот нест. Он заминаи амнияти озуқаворӣ, саломатии инсон, ҳифзи хок ва об, устувории чарогоҳҳо ва мутобиқшавии ҷомеа ба тағйирёбии иқлим мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи табиат бояд кори муштараки олимон, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ бошад.

Иштирокчиён аз қитъаҳои гуногуни Боғи ботаникӣ дидан намуда, бо навъҳои маҳаллӣ ва аз дигар минтақаҳои ҷаҳон овардашудаи дарахтону буттаҳо ва рустаниҳои ороишию шифобахш шинос шуданд. Онҳо дар пайроҳаҳои боғ сайри омӯзишӣ карда, дар бораи мутобиқшавии рустаниҳо ба шароити баландкӯҳ, таъсири камобӣ ва тағйирёбии ҳарорат ба наботот, аҳамияти обёрӣ ва нақши илм дар ҳифзу барқарорсозии табиат маълумоти нав гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштирокчиён вохӯрӣ бо роҳбарияти Институти биологии Помир ташкил гардид. Ҷавонон имкон пайдо карданд, ки бо олимону мутахассисон роҷеъ ба вазъи гуногунии биологии ВМКБ, таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи рустаниҳои нодир, фаъолияти илмии институт ва имкониятҳои иштироки ҷавонон дар таҳқиқоту ташаббусҳои экологӣ муколамаи мустақим намоянд.

Рӯзи омӯзишӣ пурмазмун ва хотирмон гузашт. Иштирокчиён дар баробари гирифтани донишҳои нав аз табиати боғ, ҳавои тоза ва манзараҳои зебои шаҳри Хоруғ баҳра бурда, бо олимон ва ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд. Чунин муҳити озод имкон дод, ки миёни донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон, эковолонтёрон ва мутахассисони соҳа робитаҳои нави ҳамкорӣ ба вуҷуд оянд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён халтаҳои матоъии бисёркарата тақдим гардиданд, ки бо фармоиши САҲА дар Тоҷикистон омода шудаанд. Ҳамзамон оид ба зарари халтаҳои полиэтилении яккарата ва зарурати кам кардани истифодаи онҳо маълумоти кӯтоҳ пешниҳод карда шуд.

Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ бо баргузории чунин чорабиниҳо кӯшиш менамояд, ки миёни ҷавонон, муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи устувор ба вуҷуд оварда, иштироки огоҳона ва фаъоли шаҳрвандонро дар ҳифзи муҳити зист тақвият бахшад.

IMG_2982.jpg
IMG_2996.jpg
IMG_2987.jpg
IMG_2980.jpg
IMG_2994.jpg
IMG_3012.jpg
IMG_3017.jpg
IMG_3021.jpg
IMG_3025.jpg
IMG_3032.jpg
IMG_3038.jpg
IMG_3116.jpg
PlayPause
IMG_2982.jpg
IMG_2996.jpg
IMG_2987.jpg
IMG_2980.jpg
IMG_2994.jpg
IMG_3012.jpg
IMG_3017.jpg
IMG_3021.jpg
IMG_3025.jpg
IMG_3032.jpg
IMG_3038.jpg
IMG_3116.jpg
previous arrow
next arrow

 

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: