Точикистон дар минтакаи Осиёи Маркази кишвари болооб махсуб ёфта, аз худуди он ду дарёи калонтарини минтака – Сирдарё ва Амударё сарчашма мегирад. Хукумати Чумхури барои тавсеаи хамкорихои оби дар дарёхои сархадгузар таваччухи махсус зохир мекунад. Дар сиёсати обии Точикистон шиори «Об омили мухими хамкорихост» чойгохи махсус дорад.
Ба имзо расидани «Созишнома дар сохаи рушду идоракунии захирахои обии дарёи Панч/Аму» аз чониби вазирони корхои хоричии харду кишвар дар хузури Сарварони кишвархо аз таърихи 25 октябри соли 2010 миёни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Афгонистон яке аз мисолхои барчастаи хамкорихои обии Чумхурии Точикистон мебошад. Дар экспедитсияхои муштарак дар хавзаи дарёи Панч аз минтакаи Дашти Чум то дараи Вахон дар кисмати Точикистон коршиносони Точикистон ва Афгонистон иштирок намуданд. Дар чаласаи чоруми дучонибаи шахсони расми ва коршиносон дар мавзуи «Хамкори дар сохаи гидрология ва мухити зист дар хавзаи дарёи Панч/Ому миёни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Афгонистон», ки рузхои 24-25 ноябри соли 2014 дар шахри Душанбе баргузор гардид, миёни макомоти салохиятдори давлатии Чумхурии Исломии Афгонистон ва Чумхурии Точикистон Ёддошти тафохум оид ба табодули маълумоти обшиноси ва иттилооти вобаста доир ба кисмати болооби хавзаи дарёи Панч (Ому) ба имзо расид.

Хамчунин дар солхои 2015-2016 миёни намояндагон аз Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Точикистон ва Афгонистон табодули тачриба сурат гирифт.
Аз худуди Точикистон дарёхои нисбатан хурди фаромарзи низ мегузаранд, ки обхои он заминхои кишоварзии Чумхурии Узбекистонро шодоб мегардонанд. Профессори точик Хочимухаммад Умаров мохи июни соли 2016 дар мизи гирд бахшида ба обхои фаромарзи зикр намуд, ки дар шароити имруза кишвархои поёноб барои обёрии заминхои кишоварзиашон нисбат ба кишвархои болооб — Точикистон ва Киргизистон 16 маротиба обро зиёд истифода мекунанд. Дар сахифахои ВАО-и кишвархои минтака дар мавзуи истифодабарии обхои фаромарзи баъзан сару садохо баланд мешавад. Аммо бехтар аст, ки ба ин масъала аз даричаи дигар, яъне ба рох мондани хамкорихо нигох кунем.
Кобили зикр аст, ки мавзуи хамкорихо дар самти обхои фаромарзии минтакаи “Осиёи маркази” дар дарёхои сархадгузар яке аз масъалахои асосии Форуми Ашкобод (5-7 июни соли 2017) махсуб меёфт.

Харитаи обхои фаромарзи аз сомонаи Zoi Environment Network
Истифодаи обхои фаромарзи айни замон хушбахтона ба сарчашмаи хамдигарфахми ва хамкории мардуми хамсоякишвархо табдил ёфтааст.
Яке аз дарёхои фаромарзие, ки аз худуди Киргизистону Точикистон мегузарад, аз пиряхи Ак-су ва барфхои каторкухи Туркистон ибтидо мегирад ва дар сархади Киргизистон бо Камишсой омехта, номи Исфараро ба худ гирифтаст. Обхои дарёи Исфара асосан барои обёри истифода мешаванд. Аз оби дарёи он заминхои кишоварзии вилояти Сугд (заминхои шахрхои Конибодом ва Исфара), вилояти Боткени Чумхурии Киргизистон ва вилояти Фарѓонаи Чумхурии Узбекистон шодоб мегарданд. Дар ҳавзаи дарёи Исфара 185,000 нафар ахоли зиндагони мекунад. Аз руи маълумотхои сомонаи livingasia.online 55%-и оби дарёи Исфара барои обёрии заминхои кишоварзии Точикистон, 37% ба заминхои кишоварзии Киргизистон ва 8% барои заминхои кишоварзии вилояти Фаргонаи Узбекистон истифода мегардад.

Дар хавзаи Исфара кариб 210 пирях бо майдони умумии 169,6 км² мавчуданд, ки калонтарини онхо пиряхи Чилтик (масохаташ -21.4 км²) ва Аксу Суу (масохаташ 17.4 км²) мебошанд.
Дарозии дарёи Исфара ба 130 км тул кашидааст. Аз дехаи Ворух ба дарёи Исфара шохоби Каравшон хамрох мешавад, ки масохати бари он ба 18 метр мерасад. Суръати Чараёни оби дарё дар наздикии Ворух 2,0 м/с-ро ташкил медихад.
Хачми миёнаи солонаи истифодабарии об дар наздикии шахраки Тошкургон 14,5 m³ / с-ро ташкил мекунад. Хамасола 85-90 фоизи об дар давоми моххои май то мохи сентябр барои обёрии заминхо истифода бурда мешавад. Дар моххои март-апрел, ки давраи камоби мебошад, истифодаи миёнаи об то ба 3,5-4,0 м3 / с кам мегардад.
Дарёи кухии Исфара ба катори дарёхои нисбатан хавфноки селбиё дохил мешавад. Тибки маълумотхои омори дар натичаи омадани сел дар дарёи Исфара хамасола ба водии Фаргона то 290 тонна лойро чамъ мекунад.
Масъалаи истифодаи захирахои оби дар маркази таваччухи Хукумати Чумхури карор дорад. Барои тахкими хамкорихои обхои сархади, хамзамон бо максади татбики принсипхои Идоракунии Хамгироёнаи Захирахои Оби (ИХЗО) дар Чумхурихои Точикистон ва Киргизистон Шурои хурди хавзави ташкил гардида, накшаи хавзавии дарёи Исфара тартиб дода шуд. Хар сари чанд вакт миёни намояндагони нохияхои наздисархади чаласахои муштараки Шурои хурди хавзави мегузарад, ки мушкилоти чонибхо барраси карда мешавад.
Обанбори Торткули Киргизистон аз оби Исфара дар хачми 90 миллион м3 об мегирад, ки ин микдор барои обёри кардани 9000 гектар заминхо басандаги мекунад.
Канали обёрии «Чилгази»-и шахри Исфара, ки 22 км дарози дорад, аз дарёи Исфара сарчашма мегирад. Аз оби канали «Чилгази» 10 хазор нафар сокинони дехаи Карабоги Чониби Киргизистон дар фасли тобистон барои оберии заминхояшон истифода мебаранд.

Акс аз сомонаи радиои Озоди
Мохи сентябри соли чори бо иштироки намояндагони вилояти Бодканди Чумхурии Киргизистон, созмонхои чамъияти ва байналмилали, инчунин хабарнигорон дар минтакаи обтаксимкунии “Равот”–и шахри Конибодом чашнвораи «Рузи дарёи Исфара» баргузор гардид.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи хифзи мухити зисти шахри Конибодом Зарифчон Махмудов дарёи Исфара аз даврахои пешин хамчун сарчашмаи асосии обёрии заминхои кишоварзии Конибодом мавриди истифода карор дошт. Яке аз маъракахои мухим нисбат ба бехтар гардонидани вазъи экологии ин минтака пайваста гузаронидани аксияи Тозагии сохил дар дарёи Исфара мебошад. Махз оби равони дарёи Исфара табиати сохили худро сабз намуда, садхо хазор гектар богу майдони киштро обшор менамояд.
Дарёи Исфара аз соли 2012 дар доираи лоихаи CAREC ва USAID «Мусоидат ба хамкорихои байнисархади оид ба обанборхои хурд дар Осиёи Маркази» худуди пилоти махсуб мешавад. Дар ин худуд корхо дар доираи лоихаи «Об, маърифат ва хамкори» бо дастгирии молиявии USAID сурат мегиранд, ки ба рушди хамкорихои байниминтакави ва бехбуд бахшидани некуахволии ичтимоии мардуми махалли тавассути татбики принсипхои идоракунии захирахои об равона гардидаанд.
Дар давоми баргузории Рузи дарёи Исфара масъалахои таъмини ахоли бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирии зарар аз офатхои табии мавриди баррасии иштирокчиён карор гирифт. Хамзамон дар доираи баргузории чашн озмунхои расмкаши миёни мактаббачагон, намоишгохи махсулоти кишоварзи ва раксу сурудхони, инчунин байни кормандони хочагихои оби нохияхои наздисархадии Киргизистону Точикистон футбол баргузор гардид.

Хар катра об набояд бехуда исроф шавад. Шурои хурди хавзави бо хамин максад ташкил шудааст. Хамкори дар масъалаи об барои хама чонибхо манфиатбахш аст. Аз ин ру захирахои умумии об набояд манбаи ракобат шавад.
Амадиев Доранбек, ки чанде пеш Раиси Шурои хавзавии хурди кисмати Киргизистонии дарёи Исфара интихоб шуда буд, зимни сухбат гуфт, ки “Чашнвораи Рузи дарё ба мо имкон медихад, ки ба хам наздикшавии кишвархоро эхсос намоем, кушиши мо барои истифодаи окилонаи захирахои оби дарё равона карда шавад. Аз ин ру, Рузи дарёи Исфараро Рузи Дусти эълон кардем”.
Дар доираи Чашнвора иди касбии «Рузи мелиоратор» тачлил карда шуд, ки бехтарин Ассотсиатсияхои обистифодабарандагони минтака бо мукофотхо сарфароз гардонида шуданд.

Хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №4-и ш. Конибодом Абдуллоева Шукрона, ки дар озмуни иншои бехтарин голиб дониста шудааст, орзуи мелиоратор шуданро дорад. Мавсуф зимни мусохиба гуфт, ки Рузи дарё ба мо чавонон имкон медихад, ки ахамияти захирахои обиро хуб дарк намоем.
Мушовир оид ба масоили экологии лоихаи “Идоракунии экологии замин ва бехдошти воситахои зиндаги дар дехот” — ELMARL- Муродчон Эргашев, ки бо хамрохии намояндагони нохияхои зерхадафи лоихаи ELMARL аз вилояти Хатлон ва нохияхои тобеи Чумхури иборат рузхои 12-17 сентябри соли чори дар семинари омузиши дар вилояти Сугд карор доштанд, зимни мусохиба чунин гуфт:
Дар ин сафари омузиши бо натичахои фаъолияти Ассотсиатсияхои истифодабарандагони Об (АИО)-и нохияхои Б.Гафуров ва ш.Конибодом доир ба идоракунии устувори обхои дохили хочаги, идоракунии экологии замин, пешгирии таназулёбии замин, истифодаи окилонаи захирахои табии, шинос шудем. Хамзамон мутахассисони Лоиҳаи ELMARL дар чорабинии байналмиллали бахшида ба Рузи дарёи Исфара ва табодули тачриба бо намояндагони Чумхурии Киргизистон ошно гаштанд.
Чорабинии мазкур барои мустахкам шудани муносибатхои дустона бо давлатхои хамсоядуст ва рушди хамкорихои судманд доир ба рушди устувор дар хавзаи дарёи Исфара ва барои афзун намудани истехсоли махсулоти кишоварзи тавассути истифодабарии окилонаи захирахои табии, мутобикшави ба тагйирёбии иклим мусоидат хохад кард. Дар ҳудуди шахри Конибодом низ тавассути татбики Лоихаи мазкур махсулоти кишоварзи афзоиш ёфта, мухити зист ру ба бехбуди меорад.
Гузаронидани чунин чорабинихо дар нохияхои хаммарзи хамсоякишвархо пеш аз хама чигиливу нофахмихоро аз байн бурда, дустиву хамгироиро тахким мебахшад ва имкон медихад, ки дар хамкори бо мутахасисони кишвархои марз оид ба истифодаи окилонаи об мубодилаи тачриба сурат бигирад.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиходи Аврупо тахия шудааст. Масъулияти мухтавои ин мавод ба души ЯКУБОВ ЧАМОЛИДДИН вогузор шуда, мавкеъи Иттиходи Аврупоро инъикос намекунад.







