• 11.09.2026

Имрӯз 11 сентябри соли 2026 соати 18.00 бо вақти Душанбе бо ташаббуси Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ширкати ватании “Пайкар” бо мақсади татбиқи бандҳои “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва боло бурдани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар фурушгоҳи “Пайкар” воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ -66 аксияи “Истифодаи борҷомаҳои экологӣ қадаме ба рушди сабз” роҳандозӣ карда мешавад. Ҳангоми баргузории аксия тақсимоти ройгони борҷомаҳои экологии бисёркарата ба харидорон дар назар аст. 

Бовар дорем ва умед мекунем, ки ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ширкати ватании “Пайкар” дар рушди устувори кишвар ва татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиберо хоҳад гузошт.

БИЁЕД МУҲИТИ ЗИСТРО ЯКҶОЯ ҲИФЗ КУНЕМ!

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: