Конвенсияи Орхус дар баробари ҳуқуқҳо, инчунин уҳдадориҳои шаҳрвандонро барои солим нигоҳ доштани муҳити зист эътироф менамояд.
Ба ин муносибат, рӯзи 8-уми октябри соли 2026 бо маблағгузории Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шарикӣ бо КВД ИИ «Табиат» ва дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Мақомоти судии ноҳияи Рашт, милитсияи экологӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраки Ғарм, Шуъбаи маориф, Шуъбаи ҷавонон, рӯзномаи «Оинаи Рашт» ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки аксар донишҷӯён бори аввал дар чунин чорабинии омӯзишӣ иштирок доштанд.
Нахуст мушовири Маркази Орхуси Ғарм оид ба мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, созмони маблағгузор (донор), шарикон ва нақши Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Инчунин, дар бораи таърихи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба конвенсия ва уҳдадориҳои кишвар барои татбиқи принсипҳои он мубодилаи афкор сурат гирифт. Диққати асосии иштирокчиён ба иҷрои принсипи сеюми Конвенсияи Орхус, яъне дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ дар масъалаҳои экологӣ равона карда шуд.
Дар раванди чорабинӣ, суҳбат ва мубодилаи афкор оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти судӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳити зист сурат гирифт. Намояндаи Суди ноҳияи Рашт, Ализода П., қайд намуд, ки дар ноҳия муроҷиатҳо ба суд оид ба масъалаҳои экологӣ хеле каманд ва бештари шаҳрвандон танҳо вобаста ба дастрасӣ ба замин муроҷиат мекунанд.
Сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Расулов Ҷ., зимни баромади худ аввал дар бораи «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» маълумот дод. Сипас, мавсуф оид ба қонунҳои экологӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ин соҳа сухан гуфта, иброз дошт, ки шаҳрвандон барои ҳалли муноқишаҳои экологӣ бештар ба прокуратураи ноҳия муроҷиат менамоянд ва Шуъбаи ҳифзи муҳити зист ин масъалаҳоро дар ҳамкорӣ бо прокуратура баррасӣ мекунад.
Инчунин, Расулов Ҷ. вазъи нигаронкунандаи экологӣ, аз ҷумла мушкилоти партовҳои хатарнок, зарари сӯзондани онҳо ва таъсири манфии бастаҳои пластикиро ба муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода, афзоиши корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ зарур арзёбӣ кард. Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба қонунвайронкуниҳо дар самти идоракунии партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ, инчунин зиёд шудани партовгоҳҳои ғайриқонунӣ саволҳо доданд. Донишҷӯён пешниҳод намуданд, ки ҳудуди донишкадаи онҳо бо қуттиҳои партов таъмин карда шавад.
Мавзӯи дигари нишаст гармшавии глобалии иқлим ва таъсири он буд. Барои коҳиш додани ин раванди манфӣ тавсия дода шуд, ки ҳар як шаҳрванд тавассути шинондани дарахтон, пешгирии сӯзондани партовҳо ва тарғиби фарҳанги экологӣ саҳм гузорад.
Дар хотимаи мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодҳои зерин манзур гардиданд:
- Ташкили нуқтаи қабули партовҳои пластикӣ барои коркарди дубора;
- Арзёбии мунтазами ҳолати экологии ноҳия аз ҷониби сохторҳои ваколатдор;
- Ташкили чорабиниҳои маърифатии экологӣ дар донишкадаҳо ва коллеҷҳо;
- Аз байн бурдани бетарафии шаҳрвандон ҳангоми дучор шудан ба қонунвайронкуниҳои экологӣ;
- Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои томактабӣ бо мақсади рушди тарбияи экологӣ аз синни хурдсолӣ;
- Пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ.
Ба ҳамаи ширкаткунандагон борхалтаҳои бисёркарата ва маводҳои иттилоотӣ оид ба Конвенсияи Орхус, иқтисодиёти сабз, муомилот бо партовҳо, зарари полиэтилен ва китобчаи «Ислом ва экология» тақсим карда шуд.
С. ҲАФИЗОВА – мушовири Маркази Орхуси Ғарм

















