14 октябри соли 2026 дар шаҳри Хоруғ мизи гирд таҳти унвони «Тавсеаи дастрасӣ ба адолати экологӣ тавассути баргузории мизҳои гирд оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти иқтидор» баргузор гардид. Иштирокдорон рукни сеюми Конвенсияи Орхус -дастрасӣ ба адолат дар масъалаҳои марбут ба муҳити зистро баррасӣ карданд.
Дар чорабинӣ 20 нафар иштирок намуданд. Дар байни онҳо намояндагони суди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), милитсияи экологии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Зоркӯл», Боғи миллии Тоҷикистон ва хоҷагии ҷангали ВМКБ, омӯзгорону донишҷӯёни факултети экологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллӣ, инчунин олимони Институти биологии Помир ва Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров ҳузур доштанд.
Мизи гирд дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Табиат» ва дар ҳамоҳангӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ баргузор шуд.
Ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Фарҳод Мамадназарбеков аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зист, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳоро таъкид намуд.
Машваратчии Маркази Орхусии шаҳри Хоруғ Қурбон Аламшоев рӯнамоии худро таҳти унвони «Конвенсияи Орхус ва Марказ дар Хоруғ» пешниҳод кард. Ӯ дар бораи се самти асосии Конвенсия: дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои дорои аҳамияти экологӣ ва дастрасӣ ба адолати экологӣ ба иштирокдорон маълумот дода ҳамчунин, нақши Марказҳои Орхусро дар огоҳ намудани аҳолӣ аз ҳуқуқҳои экологӣ ва ба роҳ мондани муколама миёни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ тавзеҳ дод. Дар муаррифӣ таъкид гардид, ки Марказ ҷойгузини суд, нозироти экологӣ ё дигар мақомоти давлатӣ нест.
Сардори милитсияи экологии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, капитан Мирзода Н., дар бораи фаъолияти ин сохтор ба ҳозирин маълумот дод. Судяи суди вилояти ВМКБ Назри Муҳаммадвалӣ дар баромадаш аҳамияти Конвенсияи Орхус ва механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои экологиро таъкид намуд.
Зимни муҳокима иштирокдорон оид ба татбиқи амалии рукни сеюми Конвенсия, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ дар бораи роҳҳои ҳифзи ҳуқуқҳо дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист мубодилаи афкор карданд. Чорабинӣ инчунин ба донишҷӯён ва ҷавонон имкон дод, ки ба намояндагони суд ва сохторҳои ҳифзи муҳити зист саволҳои худро пешниҳод намоянд.
Қурбон Аламшоев — мушовири Орхуси шаҳри Хоруғ













