Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ нахустин чорабинии иттилоотию тарғиботӣ оид ба истифодаи халтаҳои экологии бисёркарата ва коҳиш додани истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ баргузор гардид.
Ин иқдом дар шаҳри Хоруғ қадами аввалин дар роҳи тарғиби истифодаи халтаҳои бисёркарата ва коҳиш додани истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ мебошад.
Барои баргузории ин иқдом ба таври махсус растаи фурӯши меваю сабзавоти бозор интихоб шуд. Зеро маҳз дар мавсими тобистон чунин растаҳо харидорони зиёдро ҷалб мекунанд. Табиист, ки сокинон бештар меваю сабзавоти тару тоза мехаранд ва маҳз дар чунин растаҳо барои бастабандии маҳсулот миқдори зиёди халтаҳои полиэтилении яккарата истифода мешавад.
Дар доираи чорабинӣ зиёда аз сад халтаи зебои матоъӣ миёни даҳ нафар фурӯшандаи меваю сабзавот тақсим карда шуд. Пеш аз оғози иқдом барои онҳо семинари кӯтоҳи иттилоотӣ гузаронида шуда, ҳадафу моҳияти чорабинӣ, зарари халтаҳои полиэтиленӣ ба муҳити зист ва бартарии халтаҳои бисёркарата шарҳ дода шуд.
Сипас фурӯшандагон халтаҳои экологиро ҳамроҳ бо маҳсулоти харидашуда ба харидорон ройгон тақдим намуда, ба онҳо мефаҳмонданд, ки ин халтаҳоро метавон борҳо ҳангоми харид истифода бурд. Ҳамин тавр, худи тоҷирон низ ба иштирокчиёни фаъоли иқдом ва тарғибгарони муносибати масъулона ба муҳити зист табдил ёфтанд.
Дар назди фурӯшандагон ва харидорони бозор мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулрӯ Зайдуллоева суханронӣ намуд.
Ӯ таъкид кард, ки халтаҳои полиэтиленӣ аксаран ҳамагӣ чанд дақиқа истифода мешаванд, вале пас аз партофта шудан муддати тӯлонӣ дар муҳити зист боқӣ мемонанд. Онҳо бо шамол ба кӯчаҳо, ҷӯйборҳо, соҳили дарёҳо, киштзорҳо ва чарогоҳҳо паҳн шуда, симои шаҳрро коста мегардонанд, роҳҳои обро мебанданд ва барои парандагон ва ҳайвонот хатар эҷод мекунанд. Сӯзондани партовҳои пластикӣ низ роҳи ҳалли масъала нест, зеро ҳангоми сӯхтан аз онҳо дуд ва моддаҳои зараровар хориҷ мешаванд.
«Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои кам кардани истифодаи халтаҳои пластикии яккарата тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудаанд. Дар баъзе давлатҳо истифодаи онҳо пурра ё қисман манъ гардида, дар кишварҳои дигар халтаҳои полиэтиленӣ пулакӣ шудаанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда дар баъзе кишварҳо ҳатто ҷарима пешбинӣ шудааст. Масалан, дар Руанда истифодаи халтаҳои пластикӣ аз соли 2008 ва дар Кения аз соли 2017 манъ шудааст. Дар бисёр кишварҳои Аврупо бошад, халтаҳои пластикӣ дар мағозаҳо дигар ройгон дода намешаванд. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо ташвиқ намудани мардум ба истифодаи халтаҳои бисёркарата мебошад», — гуфт Гулрӯ Зайдуллоева.
Ба гуфтаи ӯ, бартарии асосии халтаи экологӣ танҳо дар зебо будани он нест. Халтаи матоъӣ мустаҳкамтар буда, бори бештарро нигоҳ медорад, онро шустан ва муддати дароз истифода кардан мумкин аст. Як халтаи бисёркарата, агар пайваста истифода шавад, метавонад ҷойи даҳҳо халтаи полиэтилении яккаратаро гирад.
«Халтаи имрӯз ба харидорон тақдимшаванда танҳо як туҳфа нест. Он рамзи масъулияти ҳар яки мо дар назди табиат мебошад. Муҳим аст, ки мардум онро дар хона нагузоранд, балки ҳар дафъа ҳангоми ба бозор ё мағоза рафтан бо худ гиранд», таъкид намуд мутахассис.
Чорабинӣ бо ташаббуси Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо КВД “Табиат”, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ва Ассотсиатсияи экологию фарҳангии «Ганҷи Ватан» баргузор гардид.
Халтаҳои зебои бозорӣ аз матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ омода шуда, бо фармоиши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо- САҲА дар Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатии экологӣ ба коҳиш додани истифодаи маҳсулоти пластикии яккарата, беҳтар намудани ҷамъоварии партовҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Дар Кӯҳистони Помир, ки табиати он нозук ва имкониятҳои ҷамъовариву коркарди партовҳо маҳдуданд, мардум бояд ба истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ бо эҳтиёт ва масъулияти бештар муносибат намоянд.
Ин нахустин чорабинии оммавӣ барои тарғиби халтаҳои матоъии бисёркарата дар шаҳри Хоруғ мебошад. Ташкилкунандагон умед доранд, ки иқдоми мазкур таваҷҷуҳи сокинон ва соҳибкоронро ба мушкилоти партовҳои пластикӣ бештар намуда, барои ташаккули одати нави экологӣ мусоидат мекунад.
Паёми асосии чорабинӣ оддӣ буд: Хоруғи тоза аз интихоби ҳар як бошандаи он оғоз меёбад ва ҳангоми ба бозор рафтан халтаи бисёркаратаи худро бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем!







