• 19.09.2025

Рӯзи 18 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об ба ҳисоб меравад. Рӯзи ҷаҳонӣ ё байналмилалии мониторинги сифати об аз соли 2003 инҷониб таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн ба як барномаи глобалии иттилоотӣ ва таълимӣ табдил ёфтааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи масъалаҳои об ва иштирок дар ҳифзи захираҳои об дар саросари ҷаҳон мебошад. Мониторинги мунтазами захираҳои об ба беҳтар шудани сифати обе, ки одамон истеъмол мекунанд, мусоидат мекунад ва дар ниҳоят хатари саломатии ҷамъиятро коҳиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади беҳтар гаштани фаъолият дар самти муайян ва гузарондани мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) соли 2020 Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Дар доираи ин санад чорабиниҳои зиёд, аз қабили сафари шиносии кормандони Кумита ба Финландия бо мақсади омухтани таҷрибаи финиҳо, кумакҳои техникии Институти муҳити зисти Финландия ба Лабораторияҳои Кумита, семинарҳои омузиши барои кормандони Лабораторияҳо, олимону коршиносон, аъзои  маҳфили экожурналистон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин бора Исфандиёр Шукурзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари ҷамъбастӣ аз натиҷаи лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ», ки 11 июни соли ҷорӣ дар ш. Душанбе бо иштироки намондагони мақомотҳои давлатӣ ва шарикони рушд ((SYKE)) баргузор гардид, ёдовар шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои мониторинг ва арзёбии сифати об дастгирии техникӣ расонида шуд, таҷҳизот, асбобҳо ва асбобҳои заруриро харидорӣ ва реагентҳои кимиёвӣ барои санҷиш ва мониторинги сифати об таъмин карда шуд.

Ҷамолиддин Яқубов,
Маркази Орхуси Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: