Чорабинии омӯзишие, ки дар даҳрӯзаи аввали моҳи август таҳти унвони “Муколамаи иқлимии ҷавонон” дар ҳамкории якҷояи Маркази Орхуси Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон” бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Агроаксияи Олмон (WHH) баргузор гардид, 35 нафар ҷавонони фаъолро аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Дӯстӣ ва Ҷайҳун, инчунин мутахассисони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои болозикр ва коршиносонро аз дастгоҳи марказии Кумита якҷо ҷамъ овард. Ба кори мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тиллоӣ Гулрухсор ва директори Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим дар замони муосир хеле саривақтӣ буда, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷавонони тоҷик дар деҳот ва шаҳрҳо барои ҳалли мушкилоти иқлим» ба фаъолсозӣ ва муттаҳид намудани ҷавонони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Ҳадафи дарозмуддати лоиҳа омода намудани ҷавонон ҳамчун пешбарандагони тағйироти мусбат ва саҳмгузорӣ дар татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030” мебошад.
Ҳамзамон зимни суханронӣ доир ба аҳамияти муҳим доштани “Харитаи роҳ” барои ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба фаъолиятҳои ҳифзи муҳити зист ва иқлим (барои солҳои 2026-2030), ки аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист омода гардидааст, баҳои баланд дода шуд.
Менеҷери Маркази Орхуси Душанбе Ҷ.Яқубов иброз намуд, ки арзёбии хатари иқлим дар сатҳи деҳа раванди муайян кардани таҳдидҳо ба экосистемаҳои маҳаллӣ, инфрасохтор ва воситаҳои зиндагии инсон барои таҳияи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Дар сатҳи хурди ҷомеа, ин раванд хусусиятҳои хоси худро дорад, зеро ҷомеаҳои деҳот мустақиман аз захираҳои табиӣ вобастаанд.
Конвенсияи Орхус ба ҷавонон воситаҳои ҳуқуқиро барои таъсир расонидан ба сиёсати экологӣ фароҳам меорад. Он ҳуқуқҳои дастрасӣ ба иттилоот, иштирок дар қабули қарорҳо ва адолатро муқаррар мекунад.
Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон” ва “Замини хурд”, ки дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, ки бо ҷавонон доир ба мавзуҳои иқлимӣ дарсҳои омӯзишӣ гузаронида буданд, мухтасар маълумот доданд.
Ҷавонони фаъол аз ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа доир ба чорабиниҳои амалинамудаашон дар сатҳи маҳал бо рӯнамо баромад намуданд. Баъди шунидани ҳар як рӯнамо саволу ҷавоб сурат гирифта, миёни иштирокчиён табодули назару андешаҳо ҷараён дошт. Дар охир, иштирокчиён баргузории чорабинии мазкурро бо иштироки мутахассисони Кумита ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тақвияти ҳамкориҳо натиҷабахш арзёбӣ намуданд.
Ҷамолиддин ЯҚУБОВ, Маркази Орхуси Душанбе













