• 06.06.2026

Таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ба шарофати ноил ба гаштан ба Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ба яке аз санаҳои маъмулу шинохта табдил ёфтааст. Бахусус тайи солҳои охир Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва тарғиботӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ба вижа дар пойтахти мамлакат бахшида ба ҷашни экологҳо чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ ва фарҳангӣ, аксияҳои экологӣ ва намоиши технологияҳои безарар ба муҳити зист баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 1972 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пас аз Конфронси Стокголм оид ба муҳити инсон таъсис ёфта, имрӯз ба минбари муҳими ҷаҳонӣ барои баррасии масъалаҳои экологӣ табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии ин сана баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти экологӣ ва таҳкими масъулияти инсон дар назди табиат мебошад.

Марказҳои Орхуси Тоҷикистон низ дар мавриди пешвозгирии ин ҷашн фаъол ҳастанд, аз ҷумла, баргузор намудани маъракаву чорабиниҳои гуногун ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо ташаббуси Маркази Орхуси шаҳраки Ғарм санаи 5 июн дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт ва ҷалби табиатдӯстдорону волонтёрон дар мавзӯи сессия иттилооти дар мавзӯи «Дастрасӣ ба маьлумоти экологӣ барои эковолонтерон ва фаъолон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба ҷуз аз фаъолони ноҳияи Рашт, инчунин намояндагон аз шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш низ иштирок доштанд.

Мушовири маркази Орхуси шаҳри Бохтар дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Бохтар фаъолона иштирок намуд.

 Намояндагони Маркази Орхуси ш.Душанбе дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин санаи фархунда, ки бо иштироки намояндагони мақомотҳои гуногуни давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, эковолонтёрон ва ғолибони озмунҳои эҷодӣ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Санаи 6-уми июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи экологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ ба намоиши дастовардҳои илмӣ, тарғиби фарҳанги экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти ҳифзи муҳити зист равона гардид. 

ЯҚУБОВ ҶАМОЛИДДИН, МАРКАЗИ ОРХУСИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: