(Қиссаи воқеӣ аз ҳаёти муаллимае, ки насби панелҳои офтобӣ дар мактаб ба фаъолияти кориаш таъсири мусбат гузошт)
Холмадова Давлатмоҳ, зани 27-сола ва модари ду фарзанд, дар мактаби рақами 31 деҳаи Ҷилгаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш.Шоҳин ба сифати котиба фаъолият мекунад. Мавқеи кории ӯ вобаста ба кори компютер ва чопи ҳуҷҷатҳои расмии мактаб аст. То ба наздикӣ, норасоии барқи доимӣ монеаи ҷиддӣ дар иҷрои масъулиятҳои ӯ мегардид. Барқ танҳо шомгоҳон барои чанд соат таъмин мешуд ва Давлатмоҳ маҷбур мешуд дергоҳӣ ба мактаб баргардад, то кори худро анҷом диҳад. Дар фасли зимистон, вақте ки шабҳо тира ва роҳҳо хатарнок мешуданд, чунин реҷаи корӣ ба саломатӣ ва амнияти ӯ таҳдид мекард. Ба гуфтаи ӯ, як муддат ҳатто ба фикри тарки кор афтода буд, вале масъулияти модарӣ ва зарурати даромад ӯро водор мекард, ки корро идома диҳад.
Тағйироти воқеӣ пас аз он ба вуҷуд омад, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба энергия ва устуворӣ дар ҷамоатҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҳаммарз: ноҳияи Ш.Шоҳини Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мактаб панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) амалӣ гашта истодааст. Ин иқдоми муҳим ба таъминоти устувори энергия дар тӯли рӯз замина фароҳам овард. Давлатмоҳ акнун метавонад тамоми корҳои дафтардориро дар давоми рӯз, дар муҳити бехатару равшан анҷом диҳад ва бегоҳӣ бо хотири ҷамъ назди фарзандонаш баргардад. Ӯ бо таҷрибаи чаҳорсолаи худ хуб дарк мекунад, ки дастрасӣ ба барқи доимӣ то чӣ андоза метавонад шароити кор ва зиндагиро беҳтар созад.
Насби панелҳои офтобӣ дар мактаби деҳаи Ҷилга танҳо як намунаи одии он аст, ки чӣ гуна лоиҳаҳои марбут ба рушди устувор метавонанд ба беҳбуди ҳаёти воқеии одамон, хусусан занон дар минтақаҳои дурдаст, таъсири мусбат расонанд.

Мунира Рахматуллоева,
Маркази Орхуси ш.Бохтар







