Иқтисодиёти сабз – имкони бартарафсозии камбизоатӣ мебошад!
Мафҳуми иқтисодиёти сабз хеле васеъ аст ва фаъолиятҳои зиёдеро дар бар мегирад. Яке аз ҳадафҳои иктисодиёти сабз ба истифодаи технологияҳое, ки ба табиат ва ҳаёти инсон безарар ҳастанд, равона карда шудааст.
Ҳар як фард агар кӯшиш ба харҷ диҳад, метавонад нақши худро дар рушди иқтисодиёти сабз гузорад. Барои ин якчанд мисолхоро овардан мумкин аст.
Ба монанди гамхори нисбати захирахои табии (об, хаво, замин…), кам кардан ва истифодаи дубораи партовхои маиши, дар хочаги истифода бурдани дегдончахои каммасраф, истифодаи гармхонахои офтоби, истифодаи борхалтахои экологии бисеркарата, сохтани хонахои экологи, истифодаи тачхизотхои баркии каммасраф, бунеди богхо, истифодаи самаранноки захирахои табии, баркароркунии чангалзорхо, чарогоххо ва гайрахо..
Илова бар ин хар як фард ба воситаи рафтор ва амали худ дар хаети харрузааш метавонад ба табиат таъсири мусби расонад, на ин, ки таъсиркунандаи манфи бошад.
ТҶ «Рушди кухистон/Маркази Орхуси Ғарм таи чанд сол аст, ки дар самти рушди маърифати экологии ахоли ва рушди иктисодиети сабз дар минтакахои кухистон тавассути лоихахои гранти фаъолият намуда нисбати чалб ва фаъол намудани чомеа дар ин самт кушиш ба харч медихад.
Яке аз вазифаи Маркази Орхуси Гарм ба аҳолӣ додани машваратҳои экологӣ ва тарғиботи принсипҳои иқтисодиёти сабз мебошад.
Бо дастгирии лоиҳаҳои хурд дар минтақаҳои куҳии водии Рашт шумораи оилахое, ки аз гармхонаҳои офтобӣ, дегдончаҳои каммасраф ва борхалтаҳои бисёркарата истифода мебаранд, зиёд шуда истодааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тавачҷуҳи ахолӣ низ нисбат ба истифодаи технологияхои муосири каммасраф, ки барои оилаҳо дастгирии хубе аст, афзуда истодааст.
Дар чорчубаи барномахое, ки ба рушди икстисодиети сабз равона мебошанд имконияти сохтани танхо якчандто дегдончахои каммасраф ва гармхонахои офтоби мебошад, ки ин бо максади таргиботи технологияи сабз дар байни ахоли аст.
Хушбахтона, имрузхо хохишмандон ба мо муроҷиат карда ва пурсон мешаванд, ки бо кадом роххо онхо метавонанд аз сарчашмахо ва аз тачрибахо истифода бурда, дар оилаашон истифодаи технологияихои каммасрафро ба рох монанд. Аз тарафи мутахассисони ташкилоти мо маслихату машваратхо дода мешаванд ва дар сурати дарёфти маблагхои грантӣ ба оилахои ниёзманд кумакхо расонида мешаванд.
Маркази мо барои додани машваратхо ва фахмондани роххои рушди иктисодиети сабз бо максади хифзи мухити зист доимо дастрас аст.
Мақсади мо рушди ҷомеа тавассути истифодаи усулҳои каммасраф ва безарар мебошад!
Ҳафизова Савринисо, Маркази Орхус дар шаҳраки Ғарм







