Дар арафаи Рӯзи кӯдакон даври ниҳоии озмунҳои эҷодӣ бахшида ба Рӯзи Замин ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар номинаҳои “Беҳтарин иншо ва расми экологӣ” дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» баргузор гардид. Ёдовар бояд гашт, ки озмуни болозикр бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии кӯдакон ва ба хотири тақвият бахшидани фаъолияти Маркази омӯзишӣ барои табиатдӯстдорони Кумита ташкил карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои методии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Асомуддинзода А. марбут ба ҳадаф ва баргузории озмунҳои эҷодӣ суханронӣ намуда, сипас масъули Маркази Орхуси Душанбеи Кумитаи ҳифзи муҳити зист Якубов Ҷ. оид ба моҳияти ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, обшавии пиряхҳо сухан ронда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои гуногунро яке аз роҳҳои ҳалли мушкилот номид.
Барои баҳогузорӣ ба маҳсули эҷоди кӯдакону наврасон инчунин омӯзгорон аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи рассомии ба номи Олимов, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Раёсати маорифи ш.Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ даъват шуда буданд.
Дар даври ҷамъбастии озмун дар маҷмуъ аз ҷониби таълимгирандагон 96 расм, аз ҷумла, вобаста ба мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон» — 64 расм (аз рӯйи 2 гурӯҳи синну соли синфҳои 4-8 ва синфҳои 9-11) «Беҳтарин иншо ва расми экологӣ» — 32 расм (аз рӯйи 2 гурӯҳи синну соли синфҳои 1-4 ва синфҳои 5-9) ва 22 иншо (аз рӯйи гурӯҳи синну соли синфҳои 5-9) пешниҳод карда шуданд. Дар се номинатсия 9 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла, 3 ҷои аввал, 3 ҷои дуюм ва 3 ҷои сеюм муайян карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи сарфарозгардонии ғолибон санаи 5 июн дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор мегардад. Ба ғолибон дипломҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ супорида хоҳанд шуд.
Маркази Орхуси Душанбе

















