• 25.05.2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки бо табиати дилнишин, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои поку мусаффо ва осмони кабуду  беғубораш диққати  ҳазорон сайёҳони хориҷи дуру наздикро ба худ ҷалб кардааст. Қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳои баланд иҳота карданд, ки дорои сарватҳо  бойи  табиӣ мебошанд.

Яке аз манзараҳои зебои Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи табии давлатии “Зоркӯл” воқеъ дар қисмати ҷанубии Помири шарқӣ ба шумор меравад. Мамнӯъгоҳ дар масофаи 320 км дур аз маркази маъмурии ВМКБ — шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим ҷойгир буда, бо Афғонистон низ ҳамсарҳад аст.

Соли 1972 бо мақсади ҳифзи популятсияи яке аз парандагони нодир — ғози ҳиндӣ дар масоҳати 16 500 гектар парваришгоҳ бо номи “Зоркӯл” ташкил карда шуд. Соли 2000-ум ба парваришгоҳ мақоми мамнӯъгоҳ дода шуд ва масоҳати он то ба 70 000 гектар зиёд карда шуд. Бо мақсади ҳифз намудани экосистемаҳои хоси Помири Шарқӣ, ҳудуди мамнӯъгоҳ минтақаҳои кӯҳии ҳамсояро  фаро гирифт.

(Ғози ҳиндӣ)

 

 

 

 

 

 

Дар мамнуъгоҳи “Зоркӯл” инчунин популятсияи калони намуди гӯсфанди Марко Поло мавҷуд аст.  Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ ҳамзамон намудҳои нодири ҳайвонот — гурги сурх, хирси қаҳваранг, улари Тибетӣ, кумай, кабӯтари сафедпӯст сукунат мекунанд. Фаунаи мамнӯъгоҳ аз ҷиҳати намудҳо беназир мебошад. Гурги сурх, архар, барс, солонгой, хирси қаҳваранг ва дигар ҳайвоноти мазеъ дар зери муҳофизати давлатӣ гирифта шуданд, зеро онҳо ба Китоби Сурхи ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар ҳудуди мамнуъгоҳ кӯли ҳамном бо номи “Зоркул” бо масоҳати 389 км мураббаъ, дар  баландии 3914 м. воқеъ гардидааст. Кӯл ба дарозии 33 км тӯл кашида, бараш 23 км-ро ташкил мекунад, аз ҷануб дарёи  Музкӯл ва аз шимол дарёи Қароҷилғасой ба Зоркӯл ҷорӣ мешаванд. Зоркӯл дар гузашта бо номи “Кӯли Викторияи Помир” машҳур буда, афсари бритониёӣ Ҷон Вуд соли 1838 ҳангоми сафар карданаш ба саргаҳи  Амударё ба хотири гиромидошти маликаи Бритониёи  Кабир, Виктория номгузорӣ намудааст. Соли 2001 кӯли “Зоркӯл” ба рӯйхати мавзеъҳои  аз ҷониби Конвенсияи Рамсар муҳофизатшаванда дохил карда шуда, соли  2006 ба  он  мақоми “мавзеи  барои  парандагон  муҳим ” дода  шуд.

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи  ба  рӯйхати  объектҳои мероси байналхалқӣ  (World Heritage Site) дохил  намудани  кӯли  Зоркӯл пешниҳод манзур намуд. Соли 2015 мамнуъгоҳи Зоркӯл аз ҷониби Тоҷикистон барои ворид намудан ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.

Ҳудуди мамнӯъгоҳи Зоркул объекти нодири мавзеи кӯҳсор мебошад, ки дар натиҷаи болоравии такрории кӯҳсор ба амал омадааст.

Директори мамнӯъгоҳ, ҳайати маъмурӣ  ва  се кормандони  илмии мамнӯъгоҳ дар  шаҳри Хоруғ мавқеъ  доранд.  Якчанд кормандони мамнӯъгоҳ  дар назди  посбонгоҳи Харгӯш  ва  баъзе кормандони он  дар  ноҳияи Мурғоб фаъолият  менамоянд.

Маркази иттилоотии экологии “Помир-Эко” соли 2011 аз ҷониби Ассотсиатсияи “Милал Интер” дар  якҷоягӣ  бо  Раёсати ҳифзи  муҳити зисти ВМКБ дар доираи лоиҳаи бюрои Душанбегии САҲА маблағгузорӣ карда шудааст, ташкил дода шуд. Мақсади маркази Орхус мусоидат намудан ба ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори давлатӣ ва  ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар ҳалли  масоили  вобаста  ба  амнияти  экологӣ  дар  минтақа дар доираи ваколат  ва талаботи  Конвенсияи  Орхус  мебошад.

Маркази Орхуси шаҳри Хоруғ дар соли ҷорӣ ният дорад бо Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи “Зоркул” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифату донишҳои экологии ҷавонон ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

(Сӯҳбат дар доираи ҳамкорӣ)

Табиати Тоҷикистон  як гӯшаи биҳишт аст, ки дар ҳар як фасли сол зебогии ба худ хосро дошта, ба инсон руҳу равони солим ва неруву қувват мебахшад. Лозим ба ёдоварист, ки қарзи ҳар як фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки доимо сарвати табиатро муҳофизат карда, дар ободии Ватан ҳиссаи худро гузоранд!

 

Майно АЛИБАХШОВА,

Мушовири Маркази Орхуси ш. Хоруғ

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: