Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, тақвияти иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва ҳифзи донишҳои анъанавии ҷомеаҳои баландкӯҳ, бо ибтикори маркази Орхуси Хоруғ дар водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа Мактаби тобистонаи саҳроии ҷавонон баргузор гардид.
Дар мактаби саҳроӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев, омӯзгорон, муҳаққиқон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чорводорони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар шароити табиии Ҷавшангоз бо таҷрибаи чорводории баландкӯҳ, низоми истифодаи чарогоҳҳо, зотҳои маҳаллии ҳайвоноти хонагӣ ва донишҳои анъанавии марбут ба идоракунии захираҳои табиӣ шинос шуданд.
Дар доираи машғулиятҳо иштирокчиён:
— бо чорводорони соҳибтаҷриба ва калонсолони деҳа суҳбат анҷом доданд;
— усулҳои мусоҳибагирӣ ва таҳқиқоти саҳроиро омӯхтанд;
— оид ба истифодаи чарогоҳҳо ва нигоҳдории чорво маълумот ҷамъоварӣ карданд;
— маводи аксӣ ва видеоӣ таҳия намуданд;
— таҷрибаи муошират ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи маҳаллиро ба даст оварданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо барои Марказҳои Орхус аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳифзи муҳити зист бе иштироки мустақими ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҷавонон ва соҳибони донишҳои анъанавӣ имконнопазир мебошад.
Чорводории анъанавии Помир танҳо як навъи фаъолияти хоҷагидорӣ нест. Он низоми мукаммали истифодаи замин, об, чарогоҳҳо ва дигар захираҳои табиӣ буда, дар тӯли садсолаҳо ба шароити сахти иқлимии баландкӯҳ мутобиқ гардидааст.
Таҷрибаи чорводорони маҳаллӣ донишҳои арзишмандро оид ба ҳифзи чарогоҳҳо, нигоҳдории зотҳои маҳаллӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти озуқавории оилаҳои деҳот дар бар мегирад.
Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва ҳуҷҷатгузории чунин донишҳо метавонад барои ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва интиқоли таҷриба аз насл ба насл заминаи муҳим фароҳам оварад.
Дар доираи барномаи мактаби саҳроӣ донишҷӯён ҳамчунин аз яке аз дурдасттарин нуқтаҳои обуҳавошиносии мамлакат, ки дар водии Ҷавшангоз ҷойгир аст, боздид намуда, бо мутахассисони он мулоқот карданд.
Кормандони нуқтаи обуҳавошиносӣ ба иштирокчиён оид ба мушоҳида ва сабти нишондиҳандаҳои иқлимӣ, тағйирёбии шароити обу ҳаво ва аҳамияти маълумоти метеорологӣ барои хоҷагии деҳот иттилоъ доданд.
Мутахассисон инчунин донишҷӯёнро бо вазъи кунунии пиряхҳои минтақа, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ҳолати чарогоҳҳои баландкӯҳ ва гуногунии биологии водии Ҷавшангоз шинос намуданд.
Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, захираҳои об, давраи сабзиши рустаниҳо ва маҳсулнокии чарогоҳҳо таъсир расонида, омӯзиш ва мониторинги мунтазами ин равандҳо аҳамияти махсус дорад.
Ҳамкории мутахассисон, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҷавонон дар самти дастрасӣ ба иттилооти экологӣ ва қабули қарорҳои асоснок яке аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти Марказҳои Орхус ба шумор меравад.
Мактаби саҳроӣ ҳамчунин ба майдони муколама миёни ҷавонон, донишмандон, чорводорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои маҳаллӣ табдил ёфт. Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба ҳолати чарогоҳҳо, рушди чорводории устувор, ҳифзи муҳити табиӣ ва имкониятҳои ҷалби ҷавононро баррасӣ намуданд.
Ин равиш ба принсипҳои Конвенсияи Орхус мувофиқ буда, ба иштироки шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
Ташкилкунандагон изҳори умед намуданд, ки иштирокчиёни мактаб донишҳои гирифтаи худро минбаъд дар таҳқиқот, маърифати экологӣ, кор бо ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҳифзи мероси табиӣ ва фарҳангии Помир истифода хоҳанд кард.
МАРКАЗИ ОРХУСИ Ш.ХОРУҒ







