Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дастгирӣ ва маблағгузорӣ карда шудааст.
ҲАДАФИ ЛОИҲА: Таъмини дастрасии нерӯи барқ, тавассути насби таҷҳизотҳои нерӯи офтобӣ ба баҳрагирандагони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш.Шоҳин, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошад.
ВАЗИФАҲОИ ЛОИҲА:
Таъмини дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда;
Баланд бардоштани дониш ва малакаи баҳрагирандагон оид ба кашиш, нигоҳдорӣ ва истифодаи системаи панелҳои офтобӣ;
Васеъ намудани фаҳмиши аҳолӣ дар бораи энергияи барқароршаванда ва аҳамияти истифодаи онҳо ва иртиботи он бо тағирёбии иқлим;
Муайян намудани таъсири фаъолияти лоиҳа тавассути арзёбӣ ва мониторинг.
Набудани барқ ба ҷанбаҳои гуногуни зиндагии ин ҷомеаҳо таъсир мерасонад. Хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ, ки манбаи асосии даромади бисёре аз оилаҳо мебошанд, сахт зарар мебинанд. Ғайр аз ин, муассисаҳои таълимӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ низ бо мушкилоти фаъолият дар шароити набудани манбаъҳои боэътимоди барқ дучор мешаванд.
Лоиҳа дар 6 деҳҳои ҷамоати Саричашма: Пистамазор, Мишкорон, Ҷилга, Сурхалам, Мишкорон, Ҷилга Хоҷаи Ҷавонмард ва Пата амалӣ карда шуд. Дастгоҳҳои неругоҳҳои офтобӣ дар 2 хонавода, 5 хоҷагии фермерӣ, 3 мактаби ибтидоӣ насб ва ба истифода дода шудаанд. Илова бар ин, 1 пости сарҳадӣ ва 3 дидбонгоҳи сарҳадии ҳудуди ҷамоати Саричашма ба лоиҳа дохил карда шуданд.
Ҷамоати Саричашма, ки бо Афғонситон ҳаммарз аст, 22 деҳа дорад. Лоиҳа дар 6 деҳаи ҷамоати мазкур, аз ҷумла, Пистамазор, Мишкорон, Ҷилга, Сурхалам, Хоҷаи Ҷавонмард ва Пата амалӣ карда шуд.
Дар доираи фаъолиятҳои банақшагирифта дар ҷомеаҳои интихобшудаи лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Нерӯи тоза” моҳи июли соли 2024 бо мақсади маълум намудани вазъи кунунии ҷомеаҳо дар робита бо дастрасии онҳо ба энергия (нерӯи барқ) тадқиқот гузаронида шуд. Дар рафти тадқиқот 2 хонавода, 5 хоҷагии фермери, 3 мактаби ибтидоӣ интихоб гардиданд, ки онҳо дар 6 деҳаи зерҳадафи лоиҳа ҷойгиранд. Илова бар ин, 1 пости сарҳадӣ ва 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ (Саломалек, Боғ, Гулҳам, Сурхалам) ба лоиҳа дохил карда шуданд. Ҳамагӣ дар 14 иншоот панелҳои офтобӣ, бо иқтидори 1,5 кВт, 3,5 кВт ва 5 кВт насб карда шуданд. Аз мавзеъҳои интихобшуда танҳо 3 мактаби ибтидоӣ бо хатти барқи ягона пайваст буда, он ҳам бошад дар фасли зимистон бо таври маҳдуд неруи барқ мегиранд, аммо дигар қитъаҳо бо хатти барқи ягона пайвастагӣ надоранд.
29 августи соли 2024 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои насбшудаи панелҳои офтобӣ бо иштироки намояндагони САҲА, Ҳукумати ноҳияи Ш.Шоҳин, Сарраёсати Қушунҳои Сарҳадӣ, Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ш.Шоҳин, роҳбарияти ҷамоат, раисмони маҳаллаҳо, баҳрагирандагони лоиҳа ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ташкил ва гузаронида шуд. Дар маҷмуъ, дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин 14 таҷҳизоти панелҳои (неругоҳҳои) офтобӣ дар 6 деҳаи ҳадафноки ҷамоат насб карда шуданд: Пистамазор, Мишкорон, Ҷилга, Сурхалам, Хоҷаи Ҷавонмард ва Пата.
Панелҳои неругоҳҳои офтобӣ дар 2 хоҷагии хонаводагӣ, 5 хоҷагии фермерӣ, 3 мактаб, 1 посгоҳ ва 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ насб шуданд.
Тибқи созишномаи дуҷониба 10 иншоот ба Ҳукумати ноҳияи Ш. Шоҳин ва 4 иншоот ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Чорабинии мазкур аз 3 қисм иборат буд:
- Қисми ифтитоҳӣ ва расмӣ.
- Имзои созишномаҳои дутурафа барои супоридани иншоот.
- Қисми тентанавӣ ва хотимавӣ (баромадҳои баҳрагирандагон, фаъолони ҷомеа, омӯзгорон ва хонадагон).
Барои амалисозии қисмати воқифгардонии ҷомеа Ташкилоти ҷамъиятии «Руҳафзо» дар доираи фаъолияти Маркази Орхуси шаҳри Бохтар, ҳамчун ташкилоти шарик ба Ташкилоти ҷамъиятии “Неруи тоза” интихоб гардидааст ва дар асоси шартнома бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бояд дар паҳн намудани донишҳои экологӣ, баланд бардоштани савияи дониши баҳрагирандагон ва ҷомеа дар масъалаи бехатарии энергетикӣ ва сарфаҷӯии энергия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ фаъолият менамоянд. Бо ҳамин мақсад дар рӯзи чорабинии расмии супоридани иншоотҳо аз тарафи Маркази Орхуси ш.Бохтар 200 нусха варақаҳои иттилоотӣ омода ва миёни иштирокчиёни чорабинӣ паҳн карда шуданд. Ҳамчунин, буклетҳо дар мавзӯъҳои “Конвенсияи Орхус ва ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон”, “Истифодаи босамар ва оқилонаи захираҳо, аз ҷумла захираҳои энергетикӣ”, “Идоракунии партовҳо”, “Нақши ҷомеа дар беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист” ва дигар мавзуъҳо барои иштирокчиёни чорабинӣ ва баҳрагирандагон пешниҳод карда шуданд.
Дар маросим намояндаи Маркази Орхуси ш.Душанбеи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Чумҳурии Тоҷикистон ва муҳаррири рӯзномаи КҲМЗ ҶТ «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Яқубов иштирок намуданд. Дар ҷараёни маросим ва тренинг, Яқубов 40 нусха рӯзномаи «Инсон ва табиат» (2 шумора), буклетҳои иттилоотӣ ва дигар маводҳои иттилоотиро тақсим намуданд.
Баъди маросими супоридани иншоотҳо барои 40 нафар баҳрагирандагони лоиҳа омӯзиш дар толори мавзеи “Даштиҷум” доир карда шуд. Ҳадафи асосии омӯзиш баланд бардоштани дониши баҳрагирандагон оиди истифодаи самаранок ва оқилонаи энергия бо мақсади коҳиш додани талафоти он ва зиёд кардани фоида аз истеъмоли захираҳои энергетикӣ, истифодаи дурусти дастгоҳҳои насбкардаи энергияи офтобӣ, паҳлуҳои гендерии дасрасӣ ба захираҳо (аз ҷумла энергия), санаду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла Барномаи давлати комплексии рушди рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мебошад.
Моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Руҳафзо” дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар 6 деҳаи ҳадафии лоиҳа 6 сессияи иттилоотӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар фаъолони маҳаллаҳо ва баҳрагирандагони лоиҳа гузаронида шуданд, ки мақсади асосии баргузории омӯзишҳои мазкур баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳо (аз ҷумла энергия), механизм ва принсипҳои иқтисобиёти “Сабз”, се самти асосии Конвенсияи Орхус, ҷанбаҳои гендерии дастрасӣ ба захираҳо (аз ҷумла захираҳои энергетикӣ) ва ҷалби ҷомеа дар беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Истифодаи самаранок ва оқилонаи энергия муҳим аст, зеро:
- Коҳиш додани хароҷот: Бо истифодаи технологияи самарабахш, хароҷоти истеъмоли энергияро дар хонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо кам кардан мумкин аст.
- Муҳофизати муҳити зист: Истеҳсоли камтари энергия маънои партовҳои камтар, аз ҷумла газҳои гармхонаиро дорад, ки барои мубориза бо тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.
- Баланд бардоштани устувории энергетикӣ: Кам кардани вобастагӣ аз манбаъҳои берунӣ ва зиёд кардани истифодабарии захираҳои дохилӣ.
- Такмили шароити зиндагӣ: Бо истифодаи таҷҳизоти самарабахши энергетикӣ, шароити зист, равшанӣ ва гармӣ беҳтар мешавад.
Мисолҳои истифодаи самаранок ва оқилонаи энергия:
- Насб ва истифодаи лампаҳои каммасраф.
- Истифодаи панелҳои офтобӣ.
- Изолятсияи гармидиҳӣ барои хонаҳо.
- Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи маишӣ.
Лоиҳаи мазкур то моҳи марти соли 2025 давом меёбад ва дар доираи лоиҳа гузаронидани вохӯриҳо бо баҳрагирандагон, назорати кори дастгоҳҳои нерӯи офтобии насбшуда, машваратҳо оиди истифодаи дурусти дастгоҳҳо, кӯмаки амалӣ дар бартараф намудани мушкилиҳо дар истифодаи дастгоҳҳо, арзёбӣ ва мониторинг дар назар дошта шудааст.
Соҳаи энегетика яке аз соҳаҳои калидии давлат ба ҳисоб рафта, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноату сармоягузорӣ, ҳамзамон соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Кайд кардан бамаврид аст, ки сиёсати энергетикӣ яке аз ҷузъиётҳои муҳими сиёсати давлатиро ташкил менамояд ва ҷавҳари марказии он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои ҷомеа мебошад. Соҳаи энергетика, ки масъалаҳои рушди он пайваста дар Паёмҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос меёбад, яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳим ва такягоҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои он ба шумор меравад.
Мунира Раҳматуллоева, роҳбари Маркази Орхуси ш.Бохтар.