Дар санаи 13‑уми августи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Маркази Орхуси шаҳри Бохтар ва дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар доираи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» мизи мудаввар таҳти унвони «Дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист (Сутуни сеюми Конвенсияи Орхус)» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳукуматӣ, аз ҷумла Ҳукумати вилоят ва шаҳр, Суд, Прокуратура, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар, Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати кор бо ҷавонон ва сайёҳии вилоят, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Ёвари барномаи Дофтар‑САҲА дар шаҳри Душанбе низ дар кори мизи мудаввар ширкат намуданд.
Дар муҳокима мавзуъҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- Конвенсияи Орхус ва сутуни сеюми он: меъёрҳои байналмилалӣ оид ба дастрасии ба адолати судӣ дар ҳифзи муҳити зист.
- Нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи муҳити зист: таҷриба, мушкилот ва роҳҳои ҳалли парвандаҳои экологӣ.
- Нақши Прокуратура дар татбиқи қонунҳои муҳити зист ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон.
- Вокуниш ба вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зист бо ниҳодҳои судӣ.
- Дастрасӣ ба иттилоот ва иҷроиши «Барномаи миллии рушди маърифати экологии аҳолӣ».
Намояндагони масъули ҳукуматӣ, аз ҷумла аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Прокуратура, Суд ва дигар ниҳодҳо, маълумотҳои муфассал пешниҳод карданд.
Дар поёни ҳамоиш пешниҳодҳои амалии зерин сурат гирифтанд:
- Баланд бардоштани саводи ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаҳои экология.
- Содда кардани механизми муроҷиат ба додгоҳҳо, махсусан барои табақаҳои ниёзманд.
- Ташкили судҳои экологӣ дар сохтори судҳои умумӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа.
- Ҷорӣ кардани санадҳои байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ.
- Баргузории семинарҳо ва тренингҳо барои суд, прокуратура ва милитсияи экологӣ оид ба Конвенсияи Орхус ва сутуни сеюми он.
- Ҷалби мутахассисон ва экологони мустақил дар баррасии аризаҳо.
- Эҳё намудани низоми «патрулони сабз» дар шаҳру ноҳияҳо.
- Ҷорӣ кардани муроҷиатҳои электронӣ.
- Танзими механизми мониторинги партовгоҳҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои дахлдор.
Хулоса, Конвенсияи Орхус ва, бахусус, сутуни сеюми он таҳти унвони «Дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист» яке аз рукнҳои муҳимми ҳимояи ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон ва кафолати адолат дар масъалаҳои муҳити зист мебошад. Амалӣ намудани он на танҳо талаботи ҳуқуқӣ, балки заряратҳои иҷтимоӣ ва этикии имрӯз ва ояндагонро низ дар назар дорад. Мо бояд тамоми тавон ва малакаи худро барои таъмини муҳити зисти солим, оқилона ва бехатар барои наслҳои оянда равона созем.

















