• 18.12.2024

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва расонидани муҳтавои Конвенсияи Орхус аз тарафи Маркази Орхуси шаҳри Бохтар охирҳои сентябри соли 2024 миёни раисони маҳалла, омӯзгорон, гирандагони стипендияи президентӣ, занон ва ҷавонони фаъоли маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилотҳои ҷамъияти ва васоити ахбори омма  омӯзиши иттилоотӣ доир гардид. Омӯзиш ба мавзӯи “Самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва саҳми  ҷомеа дар беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист” бахшида шуда, дар рафти чорабинӣ оиди рафти амалӣ намудани принсипҳои  Конвенсияи Орхус, муҳтавои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶТ барои солҳои 2021-2025”, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва гузариш ба “иқтисодиёти сабз” ба иштирокчиём маълумот пешниҳод карда шуд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён шароит фароҳам оварда шуд, ки дар гурӯҳҳои хурди корӣ мушкилиҳои дар муҳити зист ҷойдоштаро аниқ карда, роҳҳои ҳалли мушкилотро дар якҷоягӣ  муайян ва баррасӣ намоянд. Натиҷаи кори гурӯҳҳои корӣ нишон дод, ки то ҳол яке аз масъала ва мушкилиҳои асосӣ дар шаҳри Бохтар ин мушкилоти партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ мебошад ва нисбати ҳалли ин мушкилот иштирокчиёни чорабинӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуданд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки саҳми бевоситаи ҷомеа дар ҳалли ин мушкилот яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва бархурдор будан аз маърифати экологӣ метавонад таконе бошад барои ҳалли ин ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта. Инчунин дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳуқуқию маърифатнокии аҳолӣ, фаъолияти самараноки соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Сол то сол масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии шаҳру диёр, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро талаб менамояд. Моро мебояд, ки дар якҷоягӣ баҳри пешрафти маҳали зисти худ саҳмгузорӣ намоем.

Аз тарафи Маркази Орхуси шаҳри Бохтар баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотӣ дар дигар минтақаҳои зерҳадаф низ дар назар аст. Ҷалби ҷомеа ва нақши он дар ҳалли мушкилиҳои муҳити зист хеле муҳим аст ва яке аз ҳадафҳои марказ ин фароҳам овардани шароити муосид барои иштироки ҷомеа дар қабули қарор ва бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

 

IMG_20241217_123832_029
IMG_20241217_123857_807
IMG_20241217_123747_527
IMG_20241217_123800_425
IMG_20241217_123827_237
IMG_20241217_123843_851
IMG_20241217_123911_939
previous arrow
next arrow
  • Метки :
%d такие блоггеры, как: