Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — яке аз гӯшаҳои зеботарини Тоҷикистон аст, ки бо табиати кӯҳии худ, пиряхҳои бузург, кӯлҳои мусаффо ва чашмаҳои гарми шифобахш маъруф аст.
Яке аз ганҷинаҳои нодири вилоят “Гармчашма” мебошад, ки бо хусусияти табобатии худ маъруф буда, дар баландиҳои кӯҳии ноҳияи Ишкошим, дар километри 48-уми ҷанубу шарқ аз маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ва дар километри 73-юми маркази ноҳия ҷойгир шудааст. Ин чашма на танҳо осоишгоҳи табобатист, балки макони беҳтарин барои истироҳат ва барқарорсозии қувва мебошад. Ҳавои тозаи кӯҳӣ, табиати зебо, дарахтон ва алафзори сабз шароити мусоид барои оромӣ ва беҳбудии саломатӣ фароҳам меоранд.Сол то сол “Гармчашма” таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ҷалб намуда, манзараҳои нотакрор, табиати тоза, оби шифобахш ва оромии муҳит ин маконро ба яке аз нуқтаҳои муҳими туризми дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон табдил додаанд. Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин ҷо меоянд, то на танҳо муолиҷа гиранд, балки аз зебоиҳои табиӣ баҳра баранд.
Манбаи пайдоиши Чашма вулқонии табиӣ буда, ҳарорати миёнаи обҳои он ба 50–60 дараҷаи Целсия мерасад, ки таркиби он аз минералҳо бой аст. Микроэлементҳое чун сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, калсий, натрий ва дигар моддаҳои шифобахш дар оби чашма дар ҳаҷми мӯътадил мавҷуданд.
Сарчашма аз чуқуриҳои калон бармеояд. Дар натиҷаи таҳшиншавии давра ба давраи оҳаксанги сафед, теппаи баланде ба вуҷуд омадааст, ки баландиаш аз 7 то 35 метр, дарозияш то 1500 метр ва бараш 35 то 45 метрро дар бар мегирад. Беморони зиёд сабабҳои гуногуни тандурустӣ ,тавассути ин манбаи шифоӣ шифо ёфтаанд. Об ва лойҳои табобатӣ, ки дар поёни басейн ҷамъ мешаванд, дорои минералҳои гуногунанду ,таъсири шифобахшии комплексиро таъмин мекунанд .
Чун обҳои “Гармчашма” дорои унсурҳои минералӣ мебошанд, ба шарофати таркиби табиияш, ин об барои муолиҷаи бемориҳои пӯст (аз ҷумла псориаз), бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, устухонбандӣ ва низ бемориҳои занона муфид аст. Дар мавзеъ ҳавзҳои табобатӣ ва ҳаммоми оббозӣ мавҷуданд, ки меҳмонон метавонанд мустақиман дар онҳо табобат гиранд.

Осоишгоҳ соли 1957 дар ҷое бунёд ёфта, аз ҳамон сол инҷониб осоишгоҳ ва атрофи он чандин маротиба бозсозӣ шудаанд. Ҳамасола барои беҳтар кардани шароити истироҳат ва табобат корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода мешаванд. Дар атрофи сарчашма меҳмонхонаҳои муосир, тарабхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд.
Шароити зиндагӣ оддӣ, вале қонеъкунанда аст. Ин ҷо макони беҳтарин барои нафароне мебошад, ки дар пайи оромӣ, истироҳати табиӣ ва нерӯ гирифтани дубора ҳастанд.

Дар маҷмааи туристӣ ҳамчунин меҳмонхонае бо сохтори элегант ва замонавӣ мавҷуд аст — ин меҳмонхона ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар баландии зиёд, дар ҳолати пайвастии табиат ва шароити муосир иқомат доранд ва дубора ба зиндагии осуда баргарданд.
Гармчашма ҳамчун яке аз падидаҳои нодири табиат аз замонҳои қадим таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб карда, ҳамчун макони муқаддас ва шифобахш шинохта шудааст. Сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз ҷойҳои дур ба ин ҷо меоянд, то дар обҳои гарми табиӣ шифо ёбанд ё каме оромӣ ва сабукиро эҳсос кунанд. Манбаи ин чашма на танҳо ҷузъи ҷуғрофии минтақа аст, балки дар меҳвари илму таърихи табобати анъанавии мардуми Памир қарор дорад. Ин мавзеъ бо табиати нотакрор, обҳои минералӣ ва фазои ором, маконе беҳтарин барои барқарорсозии нерӯи ҷисмонӣ ва руҳонӣ мебошад. Барои онҳое, ки мехоҳанд ҳамзамон аз зебоии табиат ва хосиятҳои шифобахши он баҳра баранд — Гармчашма як «ҳазинаи гарм»-и воқеӣ аст.
Мо бояд чунин маконҳои муқаддасу нодири табииро бо эҳтиром ва масъулияти баланд ҳифз намоем. “Гармчашма” — танҳо манбаи оби гарм нест, балки ганҷи беназири фарҳангӣ, таърихӣ ва шифобахши мост. Ин гуна ҷойҳо, ки дар худ таҷассумгари иртиботи инсон бо табиат ва табобати анъанавӣ ҳастанд, сазовори онанд, ки ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ шаванд. Масъулияти наслҳои имрӯз дар он аст, ки чунин меросро барои фардои миллат ҳифз намуда, бо ҳама зебоиву арзишҳояш ба фарзандон ва наберагон супоранд. Танҳо бо нигоҳдошти табиат ва фарҳанги шифобахши хеш, мо метавонем пайванди худро бо гузашта мустаҳкам ва заминаи солими рушди оянда созем!

МАЙИНО АЛИБАХШОВА,
Мушовири маркази Орхус дар шаҳри Хоруғ







