• 29.07.2026

Қадамҳо барои даст кашидан аз борхалтаҳои полиэтиленӣ

 24-уми июли соли 2026 дар н.Рашт бо ташаббуси Маркази Орхуси Ғарм дар ҳамкорӣ бо КВД илмию истеҳсолии «Табиат» ва бо маблағгузории дафтари САҲА дар Душанбе маъракаи тарғиботиву ташвиқотии борхалтаҳои экологӣ дар мағозаи калони «Ориё» воқеъ дар шаҳраки Ғарм гузаронида шуд.

Қобили қайд аст, ки дар моҳи июл аз тарафи дафтари САҲА ба микдори 500 адад борхалтаҳои матогии бисёркарата ба Маркази Орхуси Ғарм дастрас карда шуд.

Дар чараёни гузаронидани чорабинӣ ба харидорон дар бораи донори маблағгузор, фаъолияти Маркази Орхус ва мақсади тақсимоту истифодаи борхалтаҳо маълумот пешниҳод гардид. Ба харидорон тавсия дода шуд, ки чунин борхалтаҳоро дар хона низ тайёр карда истифода баранд ва аз борхалтаҳои пластикӣ даст кашанд. Харидорон дар аввал дар тааҷҷуб афтода бо саволҳои зиёд муроҷиат намуда, мепурсиданд, ки оё ин бепул аст? Зеро чунин иқдом бори аввал дар ин мағоза мегузарад.  Дар ин аксияи экологӣ зиёда аз 200 адад борхалтаҳои пахтагин ба харидорон таксим карда шуд.

Фурӯшандаи супермаркети Ориё Сироҷов Ҷ. зимни суҳбат чунин бо қаноатмандӣ кайд намуд: «Ин ташаббус мардумро руҳбаланду хурсанд намуд. Дар ҷараёни аксия шумораи харидорон зиёд шуд. Мо минбаъд ҳам барои ҳамкорӣ омода ҳастем ва муҳим он аст, ки ягон корхонае бошад то мо аз он мунтазам борхалтаҳои матогиро харида, ба ҷои борхалтаҳои пластикӣ ба харидорон пешниҳод намоем».

Дар накшаи кории имсолаи Маркази Орхуси Ғарм гузаронидани як яксияи дигар бо тақсимоти борхалтаҳои экологӣ дар назар аст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки пакетҳои пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ боиси ифлосшавии муҳити атроф гашта ва ҳамзамон сӯзонидани онҳо дар партовҷойҳо боиси вайрон гаштани ҳавои атмосферӣ ва зарар ба саломатии инсонҳо мегарданд.

Бинобар ин, муҳим аст, ки мардум аз борхалтаҳои синтетикии яккарата даст кашида, нисбати тозагии муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Борхалтаҳои матогии бисёркарата бартарии зиёд доранд. Онҳоро маъмулан аз матои табиӣ тайёр мекунанд, онҳоро чандин бор шуста, ба муҳлати зиёд истифода бурдан мумкин аст. Чунин борхалатҳоро занон метавонанд дар хонаҳояшон бо мошини дарздӯзӣ аз пасмондаи матоъҳо ва либосҳои куҳна тайёр кунанд. Истифодаи онҳо кулай аст, намедарад, намеканад ва муҳитро ифлос намекунад.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Маркази Орхуси Гарм якчанд маротиба барои гуруҳҳои занон ва духтарони деҳот машшқои амалӣ оиди пора кардан ва дӯхтани борхалтаҳои матогӣ гузаронида шуда буд, чунки занон ва хусусан ҷавондухтарон дар ҳимояи муҳити зист ва тарбияи экологии ҷомеа нақши муҳимро бозида метавонанд.

Як қатор мамлакатҳои тараққикарда, аз ҷумла Чин, Австралия, Тайван ва ғ. мувофиқи қонун барои истифодаи борхалтаҳои полиэтиленӣ ва синтетикӣ аз сабаби хавфи ҷиддӣ ба вуҷуд овардан ба муҳити зист маҳдудият ҷорӣ намудаанд ё истифодаи онҳоро ба пуррагӣ манъ кардаанд.

Мо ҳам орзу дорем, ки дар мамлакати зебоманзари мо барои истеҳсол, фуруш ва истифодаи пакетҳои полиэетилении ва синтетикии тунук дар доираи қонун маҳдудият ҷорӣ гардад ё манъ карда шавад.

Соҳибкорони ватанӣ бошанд корхонаҳо ташкил намуда, истеҳсоли борхалтаҳои экологиро ба роҳ монда, сахми худро дар кам кардани партовҳои пластикӣ ва рушди иктисодиёти сабз гузоранд.

Рисунок45
Борхалта 3
Борхалта
Рисунок456
previous arrowprevious arrow
next arrownext arrow
Shadow

ҲАФИЗОВА С., мушовири Маркази Орхуси Ғарм

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: