• 19.12.2024

Аз ҷониби Маркази Орхуси шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва дастгирии САҲА рӯзи 14 декабри соли 2024 дар шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагон аз сохторҳои давлатии дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони дин мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, намояндагони сохторҳо дар доираи иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла аз ҷониби намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, намояндаи маориф, хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ва намояндаи мақомоти ҳолатҳои фавқуллода оиди фаъолиятҳои анҷомдодаашон дар доираи иҷроиши бандҳои Барномаи мазкур маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби Маркази Орхуси шаҳри Бохтар дар бораи се самти асосии Конвенсиси Орхус, Ислоҳоти Алмаато оиди гуногунии биологӣ ва организмҳои генетикӣ тағйирёфта (ГМО), механизм ва принсипҳои иқтисодиёти “сабз” муаррифӣ карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони дин ширкат доштанд, ки оиди ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва тозагию беҳдошт аз нигоҳи ислом фикрҳои худро иброз намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён оиди вусъат додани ҳамкорӣ, кор кардан дар ҳамбастагӣ, ҳамоҳангии фаъолиятҳо ва ба ин васила мусоидат намудан дар беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист пешниҳодҳо карда шуданд.

20241214_110444
20241214_111604
20241214_113842
20241214_114041
previous arrow
next arrow

Мунира Раҳматуллоева, роҳбари Маркази Орхуси ш.Бохтар.

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: